Варзишгарони маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар давоми се моҳи соли ҷорӣ аз чемпионат ва мусобиқаҳои варзишӣ 64 медал ба даст оварданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 44 медал зиёд аст.

Мудири бахши кор бо ҷавнон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ дар суҳбат ба хабаринигори “Фараж” гуфт, ки ҳукумати шаҳри Бохтар баҳри рушди соҳаи варзиш ҳама талошҳои худро равона кардаст. Бо дасгирии раиси шаҳри Бохтар  Саломзода Сиҷоуддин соли 2022 теъдоди гирандагони стипендияи раиси шаҳр аз 35 ба 70 нафар расид.

– Ин ҳама ғамхориҳо нисбати варзишгрон аст, ки онҳо дар се моҳи соли ҷорӣ дар  7 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 2 чемпионат фаъолона иштирок карда,  33 медали тило, 19 медали нуқра ва 12 медали биринҷиро соҳиб шуданд, – гуфт ӯ ва илова кард, ки дар маҷуъ варзишгарони шаҳр соҳиби 64 медал гардиданд ва ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 44 адад зиёд мебошад.

Рухшонаи Шералӣ қайд кард, ки барои варзишгарон ва умуман  ҷавонони шаҳр ҳоло 32 толори варзишӣ, 3 варзишгоҳ, 95 майдончаи варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ, 1 макатаби варзишӣ дар умум 127 иншооти варзишӣ ҳамаруза хизмат мекунанд.

– Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар  барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз ҳама имкониятҳо истифода карда, баҳри рушди соҳаи варзиш чораҳои зарурӣ меандешад, – илова кард Рухшонаи Шералӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь