Дар Рӯзи байналмилали ҳифзи кӯдакон 61 кӯдаки имконияти маҳдудошта аз шаҳрҳои Бохтару Леваканд ва ноҳияи Кушониён соҳиби аробаи маъюбӣ шуданд. Ҳамчунин шаҳрдори Бохтар Файзулло Баротзода чанд нафар кӯдаки оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбонро дар ин рӯз аёдат кард.
Иқдоми мазкур дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии Хатлон аз ҷониби ташкилоти байналхалқии “Миссияи Шарқ” ва ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” амалӣ карда шуд.
Чорабинии мазкур дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва дигар меҳмонон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Рандхир Сингх, директори Миссияи Шарқ дар Тоҷикистон, оид ба амалишавии барномаю дар доираи он дастгири ёфтани беш аз 600 кудаки имконияти маҳдуд доштаи ҳудуди вилоят сухан кард.
Ба иттилои ӯ, онҳо ният доранд дар Хатлон ин барномаро муддати тулонӣ идома дода, ба кудакони имконияташон маҳдуд кумак расонанд.