Тоҷикистон тариқи Интерпол 2 528 нафарро ҷустуҷӯ дорад, ки дар ҷиноятҳои вазнин даст доранд. Роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД-и Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдуғаффор Азизов дар мусоҳиба бо нашрияи «Ҷумҳурият» изҳор доштааст, ки аз Аврупо то ин дам тариқи Интерпол 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд.
Азизов дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки аз 2 528 нафари дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта, 1 873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафари онҳо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ мебошанд.
Ӯ гуфтааст, ки дар баробари ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм, аъзои ҲНИТ, инчунин, дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои дигар, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор дониста мешаванд.
Генерал таъкид доштааст, ки дар маҷмӯъ, аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 1 610 ҷиноят содир шудааст. Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Интерпол муяссар гаштааст, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои ташкилоти террористӣ экстремистии ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шаванд.
«Ба наздикӣ дар Юнон ҳангоми убури сарҳад ва парвоз ба шаҳри Теҳрон аъзои фаъол ва узви Шӯрои сиёсии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ Шоҳнаими Каримӣ (Мирзораҳим Кузов) боздошт шуда, масъалаи ба Тоҷикистон овардани ӯ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад», – қайд кардааст Азизов.
Дар робита ба сабабҳои дар сомонаи Интерпол ҷой надоштани ному насаби чанде аз афроди мавриди пайгарди байналмилалӣ қарордошта, Азизов шарҳ додааст, ки маълумот нисбат ба ҷинояткор бо расмаш дар гӯшаи «Шахсони кофтуковшаванда» гузошта шуда, шакли эълони кофтуков ду намуд аст: ошкоро ва пӯшида.
«Шакли эълони ошкороро ҳама шаҳрвандон дар сомонаи расмии Интерпол (www.interpol.int) дида метавонанд, – зикр кардааст ӯ. – Шакли пӯшидаи эълони кофтуков махфӣ буда, танҳо кормандони Интерполи давлатҳои аъзо ба он дастрасӣ доранд».