Қуръакашии даври интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022, ки аз рӯи натиҷаҳои он ҳарифони дастаи мунтахаби  Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, 6  январи соли 2022 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон  таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 15-уми апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дуюм дар баробари дастаи мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифтааст. Бар асоси натиҷаи  марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябри соли  2022 дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022:

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Сабади 1: Эрон, Узбекистон.

Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Непал, Молдив.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь