Дар рӯзи якуми Бозиҳои 5-уми осиёӣ дар толорҳои пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқобод варзишгарони тоҷик 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар гуштии миллии туркманӣ оид ба намуди тарзи озод ҷойҳои сеюмро Самандар Эрназаров (+
Ду медали дигари биринҷиро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар намуди «Дуо-Шоу» ҷуфти Фирдавс Шарипов\Фирдавс Абдубаҳоров ва Нигора Юсупова\Фирдавс Абдубаҳоров оварданд.
17-уми сентябр дар шаҳри Ишқободи Туркманистон маросими бошукӯҳи кушодашавии Бозиҳои 5-уми осиёӣ дар толорҳои пӯшида ва ҳунарҳои размӣ баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард. Тоҷикистонро дар Бозиҳои 5-уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш ва ҳунарҳои размӣ намояндагӣ ҳоҳанд кард.
Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд.
Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳои варзиш шомил мебошанд.