Дар ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон 52 масҷид бо сабаби надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунанда баста шудаанд.
Дар ин бора, раиси ин ноҳия Ҷаббори Ғаффор зимни нишасти хабариаш ииттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин масҷидҳо барои фаъолияти ғайриқонуниашон баста шудаанд. ”Дар ҳудуди ноҳия 52 масҷиди панҷвақта бо сабаби надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунанда баста шудааст”, -гуфт ӯ.
Ҳамзамон раиси ноҳия қайд намуд, ки ин масҷидҳо ҳоло чун китобхона, чойхона ва бунгоҳи тиббӣ истифода бурда мешаванд.
Айни ҳол дар ин ноҳия 168 масҷид фаъолият доранд, ки аз ин 5 масҷиди ҷомеъ ва як масҷиди марказӣ мебошад.
Блоки рекламавӣ