Бозиҳои 5-уми осиёии даруни толорӣ ва ҳунарҳои размӣ, ки 17-уми сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон шуруъ шуда буд, 27-уми сентябр ҷамъбаст гардид. Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) шуд.

Дар ин Бозиҳо аз Тоҷикистон 170 нафар, аз ҷумла 125 варзишгар ширкат карданд.

Варзишгарон дар Бозиҳо аз рӯи 21 намуди варзиш – аспсаворӣ, баскетбол (3х3), билярд, боулинг, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гуштии анъанавии туркманӣ, гуштии камарбандӣ, гуштии озод ва юнонӣ-римӣ, кикбоксинг, кураш, муайтай, рақси варзишӣ, самбо, таеквондо, теннис, футзал, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ва шатранҷ – баргузор шуд, ки варзишгарони мо дар 15 намуд – баскетбол (3х3), вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гуштии анъанавии туркманӣ, гуштии камарбандӣ, гуштии озод ва юнонӣ-римӣ, кикбоксинг, кураш, муайтай, самбо, таеквондо, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ва шатранҷ ширкат карданд. Варзишгарони мо дар намуди самбо муваффақияти бештар доштанд. Аз 9 нафар, ки дар самбо рақобат карданд, 8 нафар соҳиби медал шуданд – 2 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ. Иштироки варзишгарони мо дар намуди гуштии камарбандӣ низ қобили таҳсин аст. Варзишгарони мо дар ин намуди гуштӣ сазовори 27 медал – 6 нуқра ва 21 биринҷӣ гардиданд.

Аз рӯи намудҳои олимпии варзиш варзишгарони мо сазовори 2 медали нуқра (Манучеҳр Неъматов дар намуди таеквондо, Искандари Рустам дар гуштии озод) ва 2 биринҷӣ (Абдулҳаев Суҳроб, Сафаров Мирзоамин дар намуди гуштии юнонӣ-римӣ) шуданд.

Тоҷикистон бо 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ишғол кард. Аз рӯи шумораи медалҳо бошад, дар ҷои 8-ум аст.

Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло ҷои аввалро ишғол кард. Чин, ки 97 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба даст овард, дар ҷои дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло дар ҷои сеюм қарор гирифтанд. Умуман, варзишгарони 36 даста (35 давлат, дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё) сазовори медали бозиҳо гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 4-уми осиёии даруни толорӣ ва ҳунарҳои размӣ соли 2013 дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд. Тоҷикистонро дар он бозиҳо 23 варзишгар аз рӯи 5 намуди варзиш – кураш, кикбоксинг, муайтай, боулинг ва варзиши электронӣ намояндагӣ карда, соҳиби 4 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ – гардида буданд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь