Дар 9 моҳи соли ҷорӣ кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  шаҳри Бохтар 5 нафаро барои вайрон кардани қонуни танзим ба маблағи беш аз 17 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карданд.

Мудири бахши мазкур Манучеҳр  Қодиров гуфт, ки дар ин давра дар шаҳр аз ҷониби сокинон 938  тӯйю маърака, гузаронида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 618 адад кам аст.

“Дар ин маъракаҳо 36 чорвои хурд забҳ шудааст. Хароҷоти умумии тӯйю маъракаҳо бештар аз 3 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми баргузории тӯйю маъракаҳо 5 ҳолати вайрон кардани қонуни танзим ошкор гардида, 4 нафар ба маблағи зиёда аз  17 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима шуда, парвандаи як нафари дигар дар баррасӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь