Дар амалиёти гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд» наздикии маҳаллаи Ғаламайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз воситаи нақлиёти тамғаи Камаз-53212 рақами қайди давлатиаш 5497 АО 02 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон У.М. молҳои гуногуни хоҷагӣ ба маблағи 455 783 сомонӣ дарёфт гардиаанд, ки ғариқонунӣ вориди кишвар карда шудаанд.

Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян гардидааст, ки дар бордони нақлиёти мазкур молҳои гуногуни хоҷагӣ, аз ҷумла, чархҳо барои буридани оҳан 57 ҳазору 650 адад, масолеҳи сохтмонии сангӣ 180 адад, қубури рахдори резинӣ 27 ҳазору 400 метр, қубурчаи резинӣ барои газ 13 ҳазору 250 метр, таҷҳизоти барқӣ 31 ҳазору 850 дона, мех-дюбл 691 килограмм, сепаратор 98 дона ва зарфҳои обҷӯшонӣ 3 ҳазор дона дарёфт карда шудаанд. Маълум гардидааст, ки шаҳрванд Н.Ҳ. ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст. Тибқи маълумотномаи ташхиси коршиносон арзиши умумии молҳо дар маҷмӯъ 455 ҳазору 783 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Н.Ҳ. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Хадамоти гумрук.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь