9-уми июли соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси фаъолон таҳти раёсати раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баргузор шуда, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар шашмоҳаи аввали соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин муҳокима шуд.
Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Ғайратшозода Забаршо доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2024 муфассал ҳисобот дод. Сипас, муовини раиси ноҳия Бобозода Хайрулло оиди рафти корҳои саҳроӣ сухан кард. Мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳия Исматуллоев Абдурасул аз рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.
Дар идома доир ба масъалаҳои роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ муфассал ҳисобот дода шуд.
Дар идомаи маҷлис Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин аз натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ибрози ақида карданд.
Дар фарҷоми маҷлис раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек доир ба мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ҳарф зада, ба масъулин ҷиҳати сари вақт бартараф ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супориш ва вазифаҳо дод.