Дар арафаи иди Рамазон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба кормандони соҳаи коммуналӣ, аҳли фарҳанг ва ҳамчунин хонаводаҳои ниёзманд як миқдор маводи  ғизоӣ расонида шуд.

Аз МИҲД-и шаҳр иттилоъ доданд, ки иқдоми хайрхоҳона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида буд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз як миқдор маводи ғизоӣ ба хонаводаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ ҳалок гардидаанд ва маъюбону сокинони барҷомонда расонида шуд.

Сокинони шаҳри Бохтар бо изҳори минатдорӣ аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ худро танҳо эҳсос намекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь