– Зимни як мониторинги Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки назорати риояи меъёрҳои ахлоқиро дар бар мегирад, 400 мавриди нақзи меъёрҳои ахлоқӣ ошкор шудааст, – гуфт Иршод Сулаймонӣ, узви Раёсати Шӯрои ВАО дар зимни ҷаласаи умумии ҳисоботӣ – интихоботии солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.
Ин мониторинг давоми 6 моҳро дар бар гирифта, аз тарафи 6 журналисти ҳирфаӣ омода карда шудааст. Дар он матолиби 3 маҷалла, 42 рӯзнома ва 10 пойгоҳи интернетӣ давоми 6 моҳ омӯхта шуда, мавридҳои нақзи риояи меъёрҳои ахлоқиӣ аз ҷониби ин расонаҳо маълум карда шудааст.
– Аз 400 мавриди нақзи меъёрҳои ахлоқӣ, 70% он қасдан ва огохона аст, – мегӯяд Иршод Сулаймонӣ.
Тибқи нишондоди Иршод Сулаймонӣ масъалаҳои ҳимоя нашудани шаъну шараф, истифода шудани ҳақорату дашном, нақзи ҳуқуқи кӯдакон, нодида гирифтани эҳтимолияти бегуноҳӣ, роҳ додан ба табъиз, аз ҷумлаи мавридҳоест, ки бештар дар расонаҳо роҳ меёбанд.
Саволи журналист Ҳуринисо Ализода, ки ба “роҳандозӣ кардани воситаву усулҳое, ки расонаҳову журналистонро аз нақзи меъёрҳои ахлоқӣ боз медорад” оид буд, Иршод Сулаймонӣ чунин ҷавоб дод:
– Бояд механизми иҷроиши меъёрҳо муассиртар бошад. Он журналист ва расонае, ки ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ роҳ медиҳад, аз узвияти Шӯро ихроҷ шавад. Ҳамчунин, расонаӣ карда шавад, ки онҳо меъёрҳоро риоя накардаанд ва дар ҳамин асос ихроҷ шудаанд.