Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Асрорзода Убайдулло дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки вобаста ба зиёд гардидани шумораи донишҷӯён ва пайдо гардидани ҷойҳои корӣ 4 кафедраи дигар таъсис дода шуд, ки аз аввали соли таҳсили 2021-2022 фаъолияти худро оғоз мекунанд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 донишкада барои таъмини босифати таҳсилот силсилаи тадбирҳои нақшавӣ ва ҷориро амалӣ кардааст.
Раванди таълим дар ин давра тибқи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, сурат гирифта, дар оғози соли таҳсили 2020-2021 дар донишкада ҳуҷҷатҳои муъёрӣ-ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ ва барномаи таҳсилоти барои 56 ихтисос таҳия карда шуданд, ки баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат намуданд.
Дар доираи соли 2021 раёсати донишкада ҷиҳати баланд бардоштани маърифати истифодабарии технологияҳои муосири техникӣ дар раванди таълим машғулиятҳои омӯзиширо пайваста байни устодони Донишкада ташкил ва баргузор намуд;
Дар доираи иҷрои Нақша-чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва зарурати омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, аз рӯи 9 ихтисоси риштаи сайёҳӣ таҳсил ба роҳ монда шуд. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022 боз аз руйи 4 ихтисоси нав дар ин самт таҳсил шуруъ мегардад.