Созиши миёни Исроил ва Ҳамос, ки аз рӯзи 24-уми ноябр эътибор дошт ва ба шарофати он имкони табодули беш аз 200 гаравгону асир шуд, соати 10:00 ба вақти Душанбе ба поён расид. Пас аз ин, Исроил аз сар задани ҷангҳо дар навори Ғазза хабар дод.

Созиш миёни Исроил ва Ҳамос, ки аз 24-уми ноябр эътибор дошт ва ду маротиба тамдид шуд – мутаносибан 27 ва 29-уми ноябр, соати 10:00 (бо вақти Душанбе) ба охир расид.

Пас аз ба итмом расидани муҳлати оташбаси расмӣ, ҷонибҳо дигарбора тамдиди онро эълон накарданд. Дар соати 10:06 (бо вақтиДушанбе) Артиши Исроил аз сар шудани ҷангҳо дар навори Ғазза хабар дод. «Ҳамос танаффуси амалиётро вайрон кард ва илова бар ин, ба сӯи қаламрави Исроил оташ кушод. Кувваҳои мудофиаи Исроил амалиёти чангиро аз нав cap карданд», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Як соат пеш аз анҷоми оташбас, нерӯҳои дифои Исроил (САХАЛ) хабар доданд, ки аз навори Ғазза ба сӯи ҷамоаҳои исроилӣ мушак партоб шудааст, ки онҳо сарнагун карда шуданд. Дар Сдерот ва минтақахои атрофи он бонги хатар аз мушакборон садо дод.

Рӯзномаи “Wall Street Journal” қаблан навишта буд, ки бо истинод ба мақомоти мисрӣ, созиш метавонад барои як рӯзи дигар тамдид шавад. Як манбаи наздик ба Ҳамос дар бораи омодагии гурӯҳи фаластиниҳо барои тамдиди оташбас изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, миёнаравҳо барои расидан ба як рӯзи дигари оташбаси муваққат талошҳои зиёд доранд.

Оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи 24-уми ноябр соати 10:00 ба вақти Душанбе (ба вақти маҳаллӣ 7:00) оғоз шуд. Дар аввал дар бораи чаҳор рӯз мувофиқа шуда буд, аммо рӯзи 27-уми ноябр он ба ду рӯзи дигар ва 29-уми ноябр ба як рӯзи дигар тамдид шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь