Раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бо фармони Роҳбари давлат аз вазифа барканор шуда, ба ҷойи ӯ М.Б. Мирзозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъйин карда шуд.

Як  манбаъ аз ноҳияи Ховалинг ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дирӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло аз мансаби  раиси ноҳияи Ховалинг барканор карда шуд.

Бо фармони дигари Роҳбари давлат М.Б. Мирзозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардидааст.

Бояд гуфт, Маҷиди  Муҳтадӣ аз 8 июни соли 2020 дар мансаби раиси ноҳияи Ховалинг кор мекард ва ҳамеша дар нишастҳои матбуотӣ  дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор дошт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь