Зимни нишасти матбуотӣ Зарина Ибодозода, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, изҳор дошт, дар донишкада 1827 донишҷу таҳсил мекунанд, ки 35 нафар донишҷуи хориҷӣ мебошанд.

Аз ин шумора 2 нафар аз Узбекистон, 22 нафар аз Хиндустон, 8 нафар аз Покистон, 2 нафар аз Нигерия ва 1 нафар аз Покистон мебошанд. Теъдоди донишӯуёни хориҷӣ сол аз сол зиёд мешавад, ки имсол нисбат ба соли гузашта 24 нафар зиёд ин донишкадаро интихоб кардаанд.

Ҳайати профессорону омузгорони донишкада 170 нафар буда,  51 нафари онҳо дорои дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ мебошанд.

– Таҳти рохбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Точикистон, д.и.т, профессор Аламхон Ахмедов 1 нафар рисолаи докторӣ ва 1 нафар рисолаи номзадии худро дифоъ кардаанд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад, – гуфт ректор.

Ҳасан Ёров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь