Дар Тошканд як зан ва се кӯдаки хурдсол ҳангоми аз ошёнаи 9 сарозер шудан ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, модари се фарзанд нахуст ду писари 4 ва 5-солаашро аз тирезаи манзил ба берун партофтааст ва баъд худро бо тифли навзод ба поён андохтааст.

Ҳодиса 3-юми апрели соли 2023 аз соати 19:00 то 20:00 дар маҳаллаи 8-уми ноҳияи Сергели Тошканд рух додааст, ки дар натиҷа зан ва се кӯдакаш (панҷсола, чорсола ва тифли яксола) дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Аз Прокуратураи генералӣ хабар додаанд, ки зани 27-сола А.Д. фарзандонаш С.Ю. соли таваллудаш 2018, С.А. соли таваллудаш 2019 ва С.Р. соли таваллудаш 2022-ро ба тирезаи хонаи хоб бурда, аввал С.Ю.-и 5-сола ва С.А.-и 4-соларо аз ошёнаи 9-ум як-як аз тиреза ба берун партофтааст, сипас кӯдаки хурдӣ С.Р.-ро бағал карда худро ба поён андохтааст.

Бар асари сарозер шудан аз баландӣ ва ҷароҳатҳои бардошта ин зан ва фарзандонаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь