Аз Панҷакент 33 нафар дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ қарор доша, 5 нафар дар масҷидҳои давлатҳои исломӣ ба таҳсил машғул будаанд. Ин нукта дар як ҳамоиш вобаста ба баргардонидани «сокинони гумроҳшуда» аз тарафи раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода баён гардид.

Ин ҳамоиш бо ширкати намояндагони мақомоти қудратӣ, фаъолони шаҳру деҳот, роҳбарони ҷамоату маҳаллаҳои шаҳр ва хешу наздикони онҳое, ки дар хориҷ қарор доранд, баргузор гардид.

Тибқи иттилои раиси шаҳри Панҷакент аз 33 нафар 25 нафарашон сокини ҷамоати деҳоти Саразм будаанд. Ислом Зиёзода, гуфт ки сабаби гаравиши сокинони Панҷакент ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин надоштани саводи кофии диниву дуниявӣ ва фаъолияти сусти шӯъбаи идеологӣ мебошад.

Прокурори шаҳри Панҷакент Авазҷон Назарзода, вобаста ба ин масъала гуфт, ки ҳамаи хешу табори ин нафарон ӯҳдадоранд, ки ҳарчӣ зудтар фарзандонашонро ба ватан биёранд.

– Шояд фарзандонатон бо шумо алоқа дошта бошанд, гӯед, биёянд. Дар мо ҳама шароит ҳаст, 128 масҷид дорем, ҳамасола қариб 200 нафар ба ҳаҷ мераванд, барои намозгузорон ягон монеъа нест, боз чӣ мехоҳед? – гуфт Назарзода.

Садорати маҷлис ба хулосае омаданд, ки гурӯҳҳои корӣ аз байни фаъолони шаҳру деҳот таъсис дода шуда, корҳои фаҳмондадииҳӣ барои баргардонидани сокинони дархориҷбудаи Панҷакент, дар ҷамотҳои осебпазир ва оилаҳои онҳое, ки дар хориҷ қарор доранд, гузаронида шаванд.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь