Дар шимоли Тоҷикистон қочоқи молу коло аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя афзудааст. Маркази матбуоти Хадамоти гумрук ҳар рӯз аз чунин навъи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ хабар медиҳад.
29-уми август ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи Пикап, рақами қайди давлатиаш 18 18 ЕС 02 таҳти ронандагии шаҳрванд Н.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошта шудааст.
Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 3 ҳазор килограмм ҷави истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт гардидааст.
Ҳангоми пурсиш маълум гардидааст, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Н.М., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ тааллуқ дошта, онро аз деҳаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ карда, мехост бо мақсади тиҷорат ба ноҳияи Мастчоҳ интиқол диҳад.
Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Н.М. аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, яъне харидани моле, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, дида мешавад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Н.М. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.