Ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми июли соли равон 3 миллиарду 800 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 3 миллиарду 300 миллион доллари ИМА ё 87 дарсади маблағ қарзи беруна ва 500 миллион доллар ё 13 дарсад қарзи дохилии давлатиро дар бар мегирад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Қаҳҳорзода мегӯяд, ки ҳаҷми умумии қарзи берунаи давлатӣ ба 38,7 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буда, ба меъёрҳои муайяншудаи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

– Ҳар сол дар буҷети ҷумҳурӣ тақрибан 200-240 миллион доллари ИМА барои хизматрасонии қарзи давлатии Тоҷикистон маблағ ҷудо мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи ҷумҳурӣ дар умум 115 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА пардохт шудааст, ки аз он пардохти қарзи асосӣ 77 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА ва фоизи қарз 37 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. То имрӯз, яъне 2 – юми августи соли равон хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ аз рӯи нақшаи маблағгузории нимсолаи аввали соли 2021 пурра дар муҳлатҳои муайяншуда пардохт карда шуда, дар назди ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ уҳдадориҳои иҷронашуда вуҷуд надоранд. Дар ин бобат ягон мушкилот нест. Пурра дар вақташ пардохт шуда истодааст, – гуфт вазири молия.

Дар баробари мавзӯи қарзи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ба гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дахл карда, изҳор дошт, ки дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 3 миллиарду 82 миллиону 400 ҳазор доллари ИМА баробар гардида, аз Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 1 миллиарду 231 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА молу маҳсулот содирот карда шудааст ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ 40 дарсадро ташкил менамояд.

– Ҳамзамон, дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 850 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА молу маҳсулот воридот гардида, ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ 60 дарсадро ташкил медиҳад, – илова намуд мавсуф.

Абӯалӣ Некрӯзов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь