Рӯзи 25-уми марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Бохтар бо ташаббуси роҳбари ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар Нусратулло Файзуллоев, гӯштини миллӣ баргузор гашт.

Ҷоизаҳои асосии гӯштин се автамашина, ду уштур, асп, чорво ва лавозимотҳои рӯзгор буданд. Дар гӯштин паҳлавонони варзида аз тамоми минтақаҳои кишвар ва инчунин паҳлавонон аз ҳамсоякишвар Узбекистон иштирок ва қуваозмоӣ карданд.

Мадина паҳлавондухтар аз ноҳияи Восеъ дар ин гӯштин маҳорати хуб нишон дода шаш нафар рақибони худро, ки писар будан, дар сонияҳои авали қуваозмоӣ шикаст дода, соҳиби як гов, 5000 ҳазор сомонӣ ва дигар тӯҳфаҳо гардид.
Шоҳҷоизаҳои гӯштини шаҳри Бохтар автамашинаи “Тайёта кемри”-ро паҳлавони номдори ҷумҳурӣ Темур Раҳимов ва автомашинаи “015”-ро Шодмон Ризоев соҳиб шуданд. Шоҳҷоизаи сеюм автамашинаи “Мерседес”-ро, ки касе натавонист соҳиби он шавад, ба Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон тӯҳфа карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь