Тибқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16-ум то 19-уми июли соли равон марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсуси мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурӯши одамон, таҳти унвони шартии «Нелегал-Тобистон-2019» доир гардид.

Амалиёти мазкур дар тамоми манотиқи кишвар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт гузаронида шуд.

Зимни баргузории амалиёт риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар баргузории амалиёт дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо 3196 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 724 корхонаву ташкилоте, ки дар онҳо 3491 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ доштанд, аз ҷумла 125 иншооти сохтмонӣ, 65 корхонаи истеҳсолӣ, 326 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида шудаанд.

Амалиёти «Нелегал-Тобистон-2019» натиҷагирӣ гардида, муайян карда шудааст, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 96 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 119 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош ва бақайдгирӣ содир шудааст. Нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима шудаанд. Инчунин, аз ин теъдод барои дағалона вайрон кардани қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь