– Дар мувозинаи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон 26 адад иншооти “яхбаста” мавҷуд аст, ки аксари онҳо сохтмонашон беш аз 20 сол аст, бо омилҳои гуногун нотамом боқӣ мондаанд, – гуфт сардори Раёсати мазкур Саъдуллозода Абдулвоҳид дар нишасти хабарӣ.
Номбурда илова кард, ки аз 26 иншооти нотамом 12 адади он ба соҳаи маориф, аз ҷумла аз мактабу боғчаҳо аст, ки дар соли 2024-ум 2 адади он ба анҷом расонида мешавад.
Омилҳои тӯл кашидани сохтмони иншооти зери тобеияти Раёсати сохтмони асосии вилоятро ин шахси масъул кам ё тамоман маблағгузорӣ нашудан арзёбӣ кард.
Қайд гардид, ки масалан варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён, ки сохтмонаш аз соли 2012 аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят оғоз гардида буд, 12 сол боз бо сабаби маблағгузорӣ нашудан нотамом боқӣ мондааст.
Гуфта шуд, ки имсол ҳам барои бунёди варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён аз ҳисоби буҷети вилоят тамоман маблағ ба нақша гирфита нашудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023-юм аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон барои сохтмони иншооти Раёсати сохтмонҳои асосии вилоят 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.