Танҳо зарфи 6 моҳи соли 2017 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 51 ҳодисаи фавқулоддаи миқёсан калон ва хатарзоро бартараф кардаанд ва ҷони 76 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Имрӯз, 17-уми август кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил мекунанд. Бисту се сол пеш, аниқтараш 17-уми августи соли 1994 бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сана чун рӯзи иди касбӣ таъин шуда буд.

Имрӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қувваҳои мусаллаҳи муҷаҳҳаз бо техника ва таҷҳизоти замонавист, вале сарвати бебаҳои он инсонҳое ҳастанд, ки омодаанд ба ҳар офату ҳар мушкили мардум посух диҳанд, ба кӯмаки онҳо шитобанд. Инсонҳое, ки тайёранд барои наҷоти шахсони дигар ҳаёти худро дар хатар гузоранд.

Мутаассифона, дар кишвари мо ҳолатҳои фавқулоддаи зиёд рух додаанд ва ҳоло ҳам рух медиҳанд. Ба назар мерасад аз ин гармиву сардиҳои табиат, офатҳои табиӣ аслан ҷойи гурез ҳам нест.

Наҷотбахшони Кумита як шиор доранд: “Чун ҳаёти одамро дар хатар дидӣ, шитоб, то ин ки наҷоташ диҳӣ!”

Ин афрод бидуни шак қаҳрамонони даврони моянд, ки як касби пурхатарро ба хотири наҷоти ҷони дигарон пешаи худ кардаанд. Мардонагӣ ва ҷасорати наҷобтахшонро дар ҳар ҳолат, дар ҳар мавзеъ ва макон метавон дид, вуҷудашонро ҳисс кард.

Дар соли 2016 бо масъалаҳои гуногун одамони зиёде ба КҲФ муроҷиат кардаанд ва қисмати бештари ин муроҷиатҳо имдодӣ буданд. Яъне кӯмакхоҳӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо, молу мулк ва хонаҳои мардум. Ва ҳар муроҷиаткунанда кӯмаки фаврӣ дарёфт кард.

Танҳо зарфи 6 моҳи соли 2017 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 51 ҳодисаи фавқулоддаи миқёсан калон ва хатарзоро бартараф кардаанд ва ҷони 76 нафарро аз хатар наҷот додаанд.

Имрӯз ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар кишвари мо 23 сол пур шуд.

Қарор аст баъд аз зуҳри имрӯз ҷаласа бо ҳайати шахсии Кумита баргузор шавад ва афроде, ки тӯли ин як сол дар кору хизмат аз худ ҷасорат нишон доданд, дар фаъолиятҳои наҷот пешгому пешрав ва намуна буданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла ифтихорномаву рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз гардонида шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь