Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 23  нафар хонандаи мактаб даст ба худкушӣ заданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат зиёд аст.

Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии ниҳодаш, рӯзи 12 июли соли ҷорӣ, хабар дод, ки аз 23 хонандае, ки худкушӣ кардаанд, 8 нафарашон писарон ва 15 нафарашон духтарон мебошанд.

Худкушӣ бештар дар шаҳру ноҳияи  Кӯшониён се ҳолат, Бохтар,  Ёвон, Темурмалик ва  Данғара дуҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст, – илова кард ӯ.

Ин шахси масъул афзуд, ки дар ин давра 83 ҳолати содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҷиноят зиёд мебошад.

Зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон бештар дар ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Қубодиён, Ҷайҳун, Ҷомӣ, Шаҳритус, Ёвон,  Балҷувон,  Данғара ва Ҳамадонӣ ба назар мерасад.

– Ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби 51 ноболиғ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 33 нафарашон кӯдакони мактабхон мебошанд, – афзуд манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 62 хонандаи душвортарбия ба қайд гирифта шудаад, ки онҳо зери назорат қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь