22-юми декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад, ки дар он Президенти кишвар паёми навбатиашро ироа хоҳад кард.
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баромади Президент Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатиаш дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ суханронӣ кунад. Дар ин ҷаласа тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.
Блоки рекламавӣ