Дар ду моҳи соли 2019 кормандони шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ зимни гузарондани санҷишҳои муштарак бо 22 санад нисбати онҳое, ки қувваи барқро ғайримақсаднок истифода бурданд, ба малбағи беш аз 9 ҳазор ҷарима кардаанд. Аз ҷаримаҳо 6 ҳазору 700 сомонӣ ситонида шудааст.
Муовини сардор оид ба фуруши барқи ноҳияи мазкур Умед Азизов гуфт, бояд сокинон барқро сарфакорона истифода баранд, зеро солҳои охир бо заҳматҳои давлат лимити барқ аз байн бардошта шуда, аҳолӣ бо барқи хушсифат таьмин карда шуданд.
Раҳмоналӣ Додархуҷаев
Блоки рекламавӣ