Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш дар охири соли 2018 ба парламенти кишвар пешниҳод кард, ки солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шаванд.

2-юми январ фармони ӯ дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардани солҳои 2019-2021 ба имзо расид, ки дар он гуфта мешавад: «Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, соҳаи сайёҳӣ ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:

1. Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь