Вебгоҳи ҳафтаномаи СССР номи 20 нафар қурбонии муноқишаи марз, ки аз тири хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон, бахусус аз дасти тактирандозҳо (снайпер), кушта шуданд, нашр кард.
- Болтаев Меҳрӯзиддин Муҳриддинович, 26-сола, журналист ва фелдшер-пизишки Қушунҳои сарҳадӣ, сокини Ворух;
- Муҳаммадуллоҳ Раҷабализода, афсари 26-солаи дастаи таъиноти махсуси ВКД;
- Ҷасурҷон Суярқулов, марзбон, сокини 28-солаи деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;
4.Ҳасан Акбаров, марзбон, сокини 31-солаи деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;
- Салоҳиддин Гадоев, 28-сола, фармондеҳи дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;
- Шералӣ Раҳматзода, сарбози қисми марзбонии Исфара;
- Сафар Набиев, сарбози қисми марзбонии Исфара;
- Некруз Ғафуров, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.
- Бахтовар Маҳмудов, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;
- Умедҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
- Ҳикматулло Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
- Иброҳимхон Ҳошимзода, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
- Собир Ваҳҳобов, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
- Манучеҳр Қаландаров, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
- Далер Эшонов, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
- Ҳусейнҷон Шаропов, ҷамоати Чоркӯҳ…
- Аслиддин Абдузамонови 20-сола, сарбози нирӯҳои марзбонӣ аз ноҳияи Нуробод;
- Абдуллоҳ Саидови 26-сола, афсари нирӯҳои марзбонӣ аз ноҳияи Нуробод.
- Ҳакимбой Ниёзови 39-сола сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара
- Нусратулло Набиеви 20-сола, сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара.
Вебгоҳ менависад, ки ин рӯйхат комил нест ва агар касе дар бораи қурбониҳои дигари ин муноқиша хабар дорад, ба нишонии редаксияи СССР муроҷеъ шавад.
Блоки рекламавӣ