Лигаи футболи Тоҷикистон замони баргузории Суперҷоми футболи кишварро муайян кард. Имсол, ки мавсими нӯҳуми ин мусобиқа баргузор мегардад, дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои соҳиб шудан ба ин ҷом мубориза мебаранд.

Вохӯрӣ 2-юми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор, соати 16:00, оғоз мешавад.

Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 роҳандозӣ шудааст. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе шаш маротиба – солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015 ва 2016 барандаи ин ҷом шудааст. Дар соли 2013 Суперҷом насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб шуда буд. «Ҳосилот»-и Фархор низ як бор соҳиби ин ҷом шудааст, ки ин соли 2017-ум буд. Фархориҳо дар Варзишгоҳи Ҳисор бо натиҷаи 2:1 «Истиқлол»-ро шикаст дода буданд.

Натиҷаи ҳамаи вохӯриҳои Суперҷоми футболи Тоҷикистон (2010-2017):

2010 – «Вахш» (Қурғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2, бо пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

Манучеҳр Ниёзов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь