Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф  бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил мекунанд, хосторӣ аз сафар худдорӣ карданашон ба ин кишвар шуд.

Ин нуктаро вазири маориф дар нишасти хабарӣ зикр кард ва гуфт, ки таъмини амнияти онҳоро касе кафолат дода наматавонад:

“То имрӯз амнияти шаҳрвандони тоҷик дар Қиғизистон таъмин карда намешавад. Ба саломатии онҳо касе кафолат дода наметавонад. Бо ҳар баҳона ба онҳо метавонанд фишор оваранд. Ҳоло мо аз донишҷӯён хоҳиш намудем, ки нараванд, чун номуайянӣ аст”, – гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

То ба вуҷуд омадани низои марзии моҳи майи соли 2021 дар мактабҳои олии Қирғизистон зиёда аз 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Пас аз баста шудани марз ин донишҷӯён ба вазорат муроҷиат кардаанд ва ба гуфтаи вазир онҳоро ба донишгоҳҳои гуногуни кишвар ба ихтисосҳои мувофиқи худашон  қабул кардаанд.

“Мо намедонем, ҳамин шаҳрванде, ки ба мо муроҷиат кардааст, оё дар ҳақиқат дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунад ,ё не” – таъкид намуд вазири маориф.

Чанд рӯз қабл вазорати корҳои хориҷӣ низ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд, чун айнӣ ҳол ягон кас наметавонад амнияти онҳоро кафолат диҳад.

Аммо ба ин ҳама даъватҳо нигоҳ накарда, донишҷӯён боз ҳам ҳаракати бозгашт ба Қирғизистонро кардаанд. Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти хабарӣ ин нуктаро низ қайд кард. Ба гуфтаи вазир айнӣ ҳол як донишҷӯдухтаре, ки тариқи кишвари сеюм ба Қирғизистон бозгаштааст, боздошт шудааст. Айнӣ ҳол ин донишҷӯ дар Қирғизистон дар боздоштгоҳ қарор дорад. Инчунин, вазир бар он ишора намуд, ки баҳри ба ватан бозгардонидани ин донишҷӯдухтар онҳо бо ҷониби Қирғизистон гуфтугӯ доранд.

Шаҳзода Ашуралиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь