Медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ишқободи Турманистон ба 18 адад расид. Аз ин шумора 1 нуқра ва 17 биринҷӣ аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар ҷойи 25-ум мебошад.

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи панҷуми Бозиҳо дар гуштии камарбандӣ (тарзи классикӣ), таэквандо WTF, муайтай, баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук ва велосипедронӣ иштирок карда, соҳиби 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар намуди гуштии камарбандӣ аз ҷумҳурии мо 10 варзишгар – Мария Седунова (-70 кг) миёни бонувон ва миёни мардон Акрамхуҷа Тошмуротов (-70 кг), Рӯзибой Сафаров (-80 кг), Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Тошзода Муҳаммадғуфрон (-70 кг), Абдусалом Саломов (-100 кг), Хуршед Шарипов (-90 кг), Маҳмад Миров (+100 кг), Достонбек Почоев (-90 кг) ва Худоёр Раҷабзода (-65 кг) мубориза бурданд.

Ба Худоёр Раҷабзода, Достонбек Почоев ва Маҳмад Миров муяссар шуд, ки соҳиби медали биринҷии Бозиҳо шаванд. Маҳмад Миров медали дуюми биринҷиро дар ин мусобиқа ба даст овард. Ӯ ду рӯз пеш дар гуштии анъанавӣ низ сазовори ҷои сеюм шуда буд.

Як медали дигарро Давлат Болтаев (-86 кг) дар намуди муайтай ба даст овард. Давлат, ки дирӯз дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Ялкапбердӣ Таҷенов ғалаба карда буд, дар даври чорякфинал аз намояндаи Ироқ Шаҳез Фозил мағлуб гардида, сазовори ҷои сеюм шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои аввалро то имрӯз кишвари мизбон – Туркманистон ишғол кардааст. Варзишгарони туркманистонӣ 127 медал (53 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 39 медал (10 тилло, 6 нуқра, 23 биринҷӣ) дар мақоми дуюм аст. Узбекистон бо 57 медал (7 тилло, 16 нуқра, 34 биринҷӣ) дар ҷои сеюм қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь