Кормандони Тоҷикистандарт дар вилояти Хатлон 1339 килограм моеи зиддиях (антифриз)-и бесифатро аз муомилот гирифта, фурӯшандагони онро ҷарима карданд.

Масъулони ин ниҳод имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ доданд, ки сардиҳои моҳи январ муайян карданд, ки баъзе аз соҳибкорон моеи зиддияхи бесифат мефурӯхтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 18 соҳибкор 1 ҳазору  339 килограм антифризи бесифат аз муомилот гирифта шуда, нисбаташон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳоло дар баррасӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои сарди гузашту бештар ронандагон аз сифати пасти ин моеи зиддиях зиёд шикоят мекарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь