9-уми октябр 171 нафар донишомӯзи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) соҳибӣ шаҳодатнома гардиданд. Ин ҷамъбасти сол аз рӯи ихтисосҳои гуногуни забони англисӣ дар Маркази фарҳангии Исмоилия дар Душанбе доир гардид.

Дар ин ҷамъомад 8 гурӯҳи хатмкунандагони ДОМ аз забони англисӣ барои муошорат, забони англисӣ барои хурдсолон, ҳамзамон, тадриси забони англисӣ барои дорандагони дигар забонҳо, барномаи омодагӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ ва барномаи математикаи зеҳнӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.

Аз ин шумул 21 донишомӯз аз рӯи Барномаи инсоншиносии Оғохон (БИО) аз илмҳои гуманитарӣ бо забони англисӣ, 18 донишомӯз аз забони англисӣ барои мақсади академӣ, 103 донишомӯз аз забони англисӣ барои муошират соҳиб шуданд. Ҳамзамон, 2 нафар омӯзгор аз Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор аз ДОМ дар ин маросим соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ оид ба таълим ба забони англисӣ ба дорандагони дигар забонҳо (CELTA) гардиданд.

Зикр шуд, ки 15 нафар хатмкунанда аз барномаи омодагӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, инчунин 13 нафар ханандагон аз барномаи забони англисӣ барои хурдсолон ва 8 нафар аз Математикаи зеҳниву 9 нафари дигар аз рӯи барномаи байналмилалии IELTS дар ин ҷамъомад соҳиби сертификатҳо гардиданд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Оғохон дар соли 2000 таъсис шуда, он барои доираи васеъи донишомӯзон равона гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь