Аксияи 17% – фоиз даромади устувор, ки Бонки Эсхата ба мизоҷони худ ҳангоми кушодани пасандози муҳлатнок пешниҳод мекунад оғоз шуд.

Ҳадди ақали маблағи пасандоз 1000 сомониро ташкил медиҳад, дар ҳолате, ки агар мизоҷ барои кушодани пасандоз ба мутахассиси Бонк муроҷиат кунад. Барои онҳое, ки ҳадди ақали маблағашон аз 1000 сомонӣ камтар аст, метавонанд бидуни муроҷиат ба филиали бонк тавассути бонки мобилии “Эсхата онлайн” ҳатто бо 1 сомонӣ пасандози муҳлатнок кушоянд.

Афзалиятҳо барои мизоҷон:

  • Фоизи ҷолиб, кафолатнок, устувор – 17% дар як сол: фоизи пасандоз ҳар моҳ ба корти Корти Ягона ҳисоб карда мешавад, корт ройгон пешниҳод мегардад.
  • Кушодан ва пур кардани пасандоз осон аст: шумо метавонед пасандозро тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо пули нақд пур кунед, зеро зиёда аз 150 филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар хизмати шумо ҳастанд. Инчунин тавассути терминалҳои пардохтии Бонки Эсхата дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 700 ададро ташкил медиҳанд пур карда метавонед. Аз усулҳои ғайринақдии пуркунӣ тавассути бонки мобилии “Эсхата Онлайн” низ истифода баред: http://eskhata.com/online

Эътимоднокӣ ва кафолати ҳифзи пасандозҳои шумо: Пасандозҳои мизоҷони мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта карда мешаванд. Бонки Эсхата мақоми бонки низомсозро дорад – ин яке аз меъёрҳое мебошад, ки мизоҷ ҳангоми интихоби бонк дар вақти кушодани пасандоз ба он роҳнамоӣ мекунад. Дигар меъёрҳои эътимоднокӣ ҳисоботи молиявӣ ва  рейтингҳои бонк маҳсуб меёбад

То ба имрӯз Бонки Эсхата аз рӯи даромаднокии сармоя дар байни муассисаҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол мекунад.

Боварии мизоҷон: зиёда аз 500 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон пасандозҳои худро ба мо бовар карда, аз ҳисоби фоизи он даромад гирифтанд. Дар соли 2021 ҳаҷми пардохти фоизҳо аз рӯи пасандозҳо дар Бонки Эсхата 60 миллион сомониро ташкил дода, афзоиши сандуқи амонатӣ 30% аст.

Муҳлати аксия маҳдуд аст, аз 22.02.2022 то 30.04.2022 сол амал мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь