Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Синои Душанбе Абдухалил Холиқзода дар идомаи ёддоштҳои худ аз таърихи COVID-19 дар ин бемористон аз заҳамату кордонии пизишкону кормадони соҳаи тиб ёд кард ва онҳоро қаҳрамон хонд. Ин бахши сеюми хотироти Холиқзода аст, ки пешкаши хонандагон мегардад:

“Ин таърихча низ мисли ҳар таърихе қаҳрамонони худро дорад. Дар ин сафҳа мехоҳам аз заҳамоти кормандони тиб қисса кунам.

Бемории Кувид-19, ки бар асари сирояти вируси куруно ба бадани одам пеш омад, барои илми тиб нав буд ва мушкилоти ғайриинтизор ва пешгӯинашаванда ба бор овард.

Мушкили асосии табобати ин беморон ин буд, ки дастуроти табобати ин маризӣ зуд-зуд тағйир мекард. Мутахассисон раҳораҳ ба маризон ёрӣ мерасонданд ва аз натиҷаҳои табобат дониш касб мекарданд. Доим додаҳои нав ба даст меомад ва дар асоси он дастуроти тоза ироа мешуд. Ҳатто баъзан дар як рӯз ду дастури зидди ҳам меомад.

Рӯзе барои як маризи вазнин мутахассисони хориҷӣ доруи “Калетра” тавсия доданд. Ин дору дар бемористон мавҷуд набуд. Вақте баъди чанд соат бахши таъминоти бемористон он доруро пайдо ва ба бахш дастрас кард, аллакай дастури манъи он содир шуда буд.

Дар дунё теъдоди мубталошудагон ба ин беморӣ он қадр афзоиш ёфт, ки ҳатто дар баъзе кишварҳо маҷбур шуданд, бемористонҳои саҳроӣ бунёд кунанд ва меҳмонхонаҳоро ба бемористони махсуси уфунӣ ихтисос диҳанд. Аз телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамвора аз ҳамагирии ин маризӣ хабарҳои ваҳмангез пахш мешуд. Ин ахбор ҷои ҳама ахбори дигарро гирифта, сокинони Тоҷикистонро низ сахт ба таҳлука оварда буд.

Росташ, ягон кишвари дунё ба ворези чунин теъдоди маризони уфунӣ ба бемористонҳо омодагӣ надошт. Дар ҳеч кишвари дунё теъдоди зарурии мутахассисони сироятшинос барои инчунин вогирӣ мавҷуд набуданд ва дар як лаҳза ҳамаи пизишкон ба табобати чунин маризон маҷбур шуданд.

Бемористони Ибни Сино барои қабули маризиҳои уфунӣ тарроҳӣ нашудааст. Мо мутахассисони дохилӣ ва сироятшинос дошта бошем ҳам, таҷрибаи қабул ва нигаҳдории ин маризонро надоштем. Хушбахтона интернет имкон дод, ки дастуроти табобат ва равиши кор дар бахшҳои уфунӣ хеле зуд ва осон дастраси ҳамаи бемористонҳо ва мутахассисон гардад. Ин фурсат афзалияти дузабонагии кормандони тибби тоҷикро бармало кард. Ҳам Русия ва ҳам Эрон қабл аз мо мубориза бо ин маризиро сар карда, дар табобати он таҷриба андӯхта буданд. Агар устодони эронии мо доим онлайн машварат медоданд, дар бахши русизабони интернет низ ҳамеша додаҳои охирини ташхису табобат ва равиши бархӯрд бо ин маризӣ нашр мешуд, ки дониши мутахассисони бемористонро такмил мекард.

Кормандони Бемористони Ибни Сино дар ҷаласаҳои пизишкӣ зуд бо дастуроти табобатӣ ошно мешуданд ва баҳсҳои илмӣ барпо мекарданд.

Як мушкили асосие ки ин маризӣ пеш овард, ҳифзи кормандон аз сироятёбӣ буд, зеро онҳо дар хати пеши ҷабҳа қарор мегирифтанд.

Истифодаи васоили ҳифзи шахсӣ барои нигоҳ доштани мутахассисон аз сироятёбӣ дониши хос мехост. Кормандоне ки барои кор дар бахшҳои ба истилоҳ “сурх” интихоб шуда буданд, чанд рӯз тарзи истифодаи ин васоилро машқ карданд, то ин ки ҳангоми кор ва истифодаи ин либосҳо ба сироят мубтало нашаванд. Он рӯзҳо бемористон давраи сарбозиро ба ёдам овард, ки ба мо тарзи истифодаи противогазу либосҳои зиддиуфуниро ёд медоданд.

Либосу василаҳои ҳифозатии омодакардаи мо ҳирфаӣ набуданд, зеро ин васоил дар бозор мавҷуд набуд. Мо аз матоъи обногузар либоси пайваст дӯзондем ва айнаку ниқобҳои сохмончиёнро аз бозор харидем. Дар зери ин либосу айнакҳо кормандон арақ мекарданд ва ҳаракату кор беҳад душвор буд. Москҳои маъмулии ҷарроҳӣ ба дард намехӯрданд ва мо маҷбур шудем, аз дока москҳои бисёрқабата дӯзонем, ки он ҳам нафасгириро душвор ва корро сахттар мекард. Вале чора надоштем, зеро он замон ҳанӯз моску васоили ихтисосӣ ба бозор ворид нашуда буд.

Он замон, ҳарчанд маълум буд, ки қисми зиёди одамон ин маризиро сабук мегузаронанд, вале теъдоди зиёди талафшудагони кормандони тиббӣ дар ҷаҳон ваҳм меангехт. Мо ҳама медонистем, ки хатари сироят ва аворизи вазнин вуҷуд дорад.

Ҷомеаи кишварро бар асари ахбори ваҳшатангези расонаҳо ваҳму ваҳшати бесобиқае фаро гирифта буд. Росташ дар он марҳала нақши рӯзноманигорони дохилӣ хеле созанда набуд. Ман сари ин масъала дар қисмати баъдии таърихча бештар хоҳам истод.

Мо, мудирони бемористон чандин бор дар ҷаласаҳои мухталиф бо кормандон сӯҳбат кардем ва фаҳмондем, ки бо ин душмане ки ба кишвар ворид шудааст, танҳо мо метавонем биҷангем ва агар аз васоили ҳифзи шахсӣ дуруст истифода барем, аз сироят эмин хоҳем монд. Дар натиҷа ба вуҷуди ҳамаи ин хатар ва мушкилот, кормандони бемористон ҳама як тан ба хидмати мардум камар бастанд.

Ман бори аввал либоси ҳифозатии тиббӣ ба бар кардам ва дар даромадгоҳи бемористон ба кормандони тиббӣ дар қабулу роҳнамоии беморон кӯмак мекардам. Росташ соате кор кардан дар дохили ин ғилофи ҳавоногузар бисёр мушкил ва тоқатфарсост. Кормандони бахшҳои ба истилоҳ “сурх” дар бастҳои ҳашт ва дувоздаҳсоатӣ кор мекарданд.

Танҳо касе ки боре ин либосҳоро ба тан кардааст, метавонад тасаввур кунад, ки ин чӣ чолишест! Соатҳои дароз шахс на ташнагӣ шикаста метавонад ва на даст ба чашму рӯйи арақшори худ бурда! Ман чанд бор ба бахшҳои “сурх” барои барррасӣ рафтаам ва медонам, ки кор дар он бахшҳо чи қадр мушкилу тоқатфарсост! Ман ба кормандони он бахшҳо барои таҳаммулашон офарину аҳсант мехонам!

Вақте ба бахшҳои мазкур рафтам, ба чашмони маризон нигоҳ кардам ва осори яъсу ноумедиро дидам, зеро онҳо аксаран фикр мекарданд, ки ин вирус марговар ва ин рӯзҳои охири ҳаёташон аст. Ҳатто бо ноумедӣ ба кормандон шиква мекарданд, ки ҳатто мурдаашонро наздиконашон нахоҳанд дид.

Кормандони тиббӣ дар он рӯзҳо ба наздикон ва умедбахшони маризон табдил ёфта буданд. Вале ҳатто маризон, бо вуҷуди маризиву яъс, чун мушкили кори кормандонро ҳаррӯза бо чашмони худ медиданд, ҳама бо як забон аз кормандони бемористон ташаккур мекарданд ва аҳсант мехонданд!

Имрӯз ман ифтихор мекунам ва хушбахтам, ки аз онҳо касе нафавтид, аксар сиҳату саломат ба хонаҳояшон баргаштанд ва чанд нафари монда низ рӯзҳои наздик саломат мураххас хоҳанд шуд.

Чанд нафарашонро ҳини мураххасшавӣ дидам. Дигар дар чашмони аз хастагии беморӣ фурӯрафтаашон осори тарсу яъс набуд, мегуфтанд: “аввал Худо, вале баъд бо ёрии кормандони шумо умри дубора ёфтам”. Шунидани ҳамин ибора кофист, ки ҳама ранҷи он заҳамот ҷуброн шавад!

Дар ин ҷо бояд аз қаҳрамонони ин қисса, бахусус кормандони бахшҳои минтақаи “сурх” ном барам. Вале чун фикр мекунам, ки бояд инсоф риоят шавад ва набояд заҳмати касе нодида гирифта шавад, ба як хулоса меоям: ҳамаи кормандон, аз нигаҳбонон сар карда то назофатчиёну парасторон ва муҳандисону пизишкон ҷон ба каф ба мардум хидмат карданд. Ҳамду сано ба ҳар як корманде ки дар ин рӯзҳо ба дарди мардум шарик буд!

Рӯзҳои аввали вогирӣ маризеро бо ҳоли бисёр бад, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд. Сатҳи оксижени хуни ӯ то шаст дарсад поён омада ва дар назми ҷон буд. Ман, чун ҳоли зори ӯро дидам, ҳеч умеде ба зинда мондани ӯ надоштам ва ба падараш гуфтам, ки ба ҳар иттифоқе омода бошад. Вале баъд аз чанд рӯз вақте барои боздид ба минтақаи сурх дохил шудам ва ҳоли он маризро дидам, ба ман як ҳолати аҷибе даст дод.

Мариз он маризи қаблӣ набуд, балки дар бахш бо ҳоли қаноатбахш қарор дошт, роҳ мерафт, ҳарф мезад, гӯё аслан мариз нашуда буд! Ман ифтихор кардам, ки аҳли чунин як тими тавоно ва донишманди пизишкӣ ҳастам, ки ҳатто чунин маризи бадҳолро бо ҷонбозӣ дар он шароити сахттар аз санг ба ҳоли қаноатбахш баргардонда буданд!

Ҳамкорони азиз!

Агар ҳеч маризи дигарро табобат намекардед, барои наҷоти ҷони ҳамин як нафар ҳам, шоёни кафкӯбиву сипосгузорӣ ҳастед! Хушбахтона, шумо аз ин имтиҳони касбӣ бо сари баланд гузаштед.

Дар замоне ки мардум ба ёрии шумо ниёз доштанд, бо ҷавонмардӣ ва садоқат ба касб, ба хидмат камар бастед! Шумо қаҳрамонони ин миллат ҳастед!

Ба дастуроти зиддунақиз ва доим тағирёбандаву фиребанда нигоҳ накарда, бо такя ба аломатҳои болинӣ маризонро хуб нигаҳдорӣ кардед.

Ман шоҳид будам, дарк кардам, ки дастуроти ироашуда бештар хосияти умумӣ дошт ва самараи табобат бештар ба салоҳият ва касбияти шумо вобаста буд, зеро ин вирус ба таври инфиродӣ ба ҳар кас бархӯрд мекунад ва авориз месозад. Худоро шукр заҳмати шумо натиҷаи дилхоҳ дод! Шумо боиси ифтихори инҷониб ва тибби кишвар ҳастед!

Агарчӣ рӯи суханам бо кормандони Бемористони Ибни Синост, вале инсоф тақозо мекунад, ки хизмати кормандони тиббии бемористонҳои дигар низ қадрдонӣ шавад.

Онҳо дар шароити бамаротиб бадтар ҷони худро ба гарав гузошта ба хидмати мардум камар бастанд ва ҳатто теъдоди зиёд талаф шуданд. Агар дар ин гирудор, кулли кормандони тиб, ки бо вуҷуди хатар ба ҷони худ ин чолишро пазируфтанд, ҷони касеро наҷот дода натавонистанд, на аз сабаби бекифоятӣ будааст, балки дарвоқеъ ин вирус шинохтанашуда ва аворизи он пешгӯинашаванда буд.

Ҳама шоҳид будем, ки ин вабо дар кишварҳои аз лиҳози илми тиб пешрафта низ талафоти бамаротиб бештар ба бор овард.

Мутахассисони сироятшинос ва пулмонологи вазорати тандурустӣ дар бемористонҳо қарантина шуда бошанд ҳам, аз тариқи телефон ва алоқаи видеоӣ ёрии худро ба кормандони мо мерасонданд, ки ба онҳо миннатдории бепоён арз мешавад.

Табибон, парасторон ва кормандони ҳамаи бемористонҳо!

Раҳмати заҳмате ки шумо кашидед ба ҳафт пуштатон мерасад! Худованд шумову наздиконатонро аз ҳама балову дарду ранҷ эмин дар паноҳаш нигоҳ дорад!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь