13 марти соли ҷорӣ бо донишҷӯёни ихтисосҳои “Иқтисоди ҷаҳон”, “Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди хориҷӣ”-и Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии омӯзишӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандони КВД БА ЧТ “Амонатбонк”, – Зайниддинов А. Н. – мутахассиси Идораи методология ва бозомӯзии кормандон, Буриев У. Н. – сардори Шуъбаи маркетинг ва Анушервон Исрофилиён – ҳуқуқшиноси пешбари Идораи ҳуқуқ бо рӯнамоӣ баромад намуда, иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола 15 март «Рӯзи умумиҷаҳнии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро бо баргузории силсила чорабиниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил менамояд.

Баромадкунандагон ба ҳозирин маълумот доданд, ки мизоҷони бонк метавонанд ҳангоми сар задани мушкилӣ ва ё пайдо шудани баҳсу мунозираҳо ба шуъбаи кор бо мизоҷон, Маркази тамоси Бонк 1885 (Call centre) занг зананд, ба муроҷиати хаттӣ ба унвонии роҳбари ташкилот ариза нависанд, ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии БМТ – ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар самти хизматрасониҳои молиявӣ ба ҳисоб муроҷиат намоянд, дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбари аввали ташкилоти қарзӣ ба Бонк ташриф оранд, дар ҳолати ҳал нагардидани баҳсҳо тариқи ғайрисудӣ, мизоҷон ҳуқуқ доранд тариқи Судӣ баҳсу мунозираҳои худро ҳал намоянд.

Дар рафти чорабинии омӯзишӣ аз ҷониби донишҷӯён саволҳои зиёд дода шуд, ки баромадкунандагон ба онҳо мушахассан ва пурра посух доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь