Дар вилояти Хатлон давоми соли 2022-ум аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ба​ 1458 саг шиноснома дода шудааст, ки ин рақам нисбати соли гузашта 63 саг зиёд аст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ Эраҷ Рауфзода, як намояндаи  Раёсати мазкур, ба ВАО иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, нархи як шиносномаи саг 6 сомониро ташкил медиҳад.​ Бояд гуфт, сагҳо низ мисли одамон шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ доштаанд, ки аввалӣ барои дохили кишвар ва дуюмӣ барои сафар ба хориҷ будааст, аммо аз ҷониби ниҳоди мазкур дар соли гузашта ба ягон саг шиносномаи хориҷӣ дода нашудааст.

– Гирифтани шиноснома барои сагҳо хуб аст, зеро ҳангоми осеб дидани сокинон аз онҳо маълум аст, ки саг бемори ҳорӣ аст, ё не, – илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирии бемории ҳорӣ 12 ҳазору 311 саг эмгузаронӣ карда шудаанд.

– Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 ҳазору 210 сагҳои дайду безарар гардонида шуданд, – афзуд номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь