20-21-уми майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид, дар он 333 нафар донишҷӯ аз 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва ил Эҳсони Хушбахт хабар медиҳад, ки озмуни мазкур аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, биология, химия ва  информатика гузаронида шуд.

20-уми май дар маҷлисгоҳи коллеҷи мазкур бо иштироки Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Ҳокимхон Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Салоҳиддин Юсуфӣ-сардори раёсати тандурстии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шаҳло Ашӯриён – директори Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ, масъулини дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва намояндагони ВАО ҷаласаи ифтитоҳии озмун доир гашт.

Шаҳло Ашӯриён кори ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни озмун, омӯзгорон ва тамоми ҷамъомадагонро ба Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки барои роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯён ва умуман, тамоми намояндагони муассисаи таълимии мазкур боиси ифтихор аст, ки тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни имсолаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар дар Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ  гузаронида мешавад.

Дар идома Диловар Қодирзода қайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур аз як тараф арҷгузорӣ ва истиқболи ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби дигар дарёфт ва муаррифии беҳтарин донишҷӯёни донишманду боистеъдод ва намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар идомаи суханронии худ муовини вазир таъкид кард, ки масъулин ҷараёни баргузории озмунро таҳти назорати ҷиддӣ гиранд, то беҳтаринҳо сазовори ҷой ва ҷоизаву туҳфаҳои хотиравии озмун гарданд. Мавсуф, ҳамзамон, ба тамоми иштирокчиёни озмун комёбиву муваффақият таманно намуд.

Сипас, Ҳокимхон Вализода ҳозиринро бо шартҳо ва дар маҷмӯъ, бо муҳтавои барномаи озмун ба таври мухтасар шинос намуд. Ӯ иброз дошт, ки пас аз анҷоми олимпида бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми кишвар иштирокчиёни озмун, махсусан нафароне, ки аз минтақаҳои дурдасти  мамлакат омадаанд, бо мақсади истироҳату фароғат ва огоҳӣ пайдо кардан аз таъриху тамаддун ва фарҳанги миллати тоҷик ба тамошои мавзеъҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва таърихии пойтахт сафарбар карда мешаванд.

Баъд аз маросими ифтитоҳӣ, кори озмун дар синфхонаҳои коллеҷ оғоз ёфт ва рафти баргузории он аз тарафи нозирон ба таври ҷиддӣ назорат бурда мешуд.

Диловар Қодирзода шахсан ба чанде аз синфхонаҳое, ки дар онҳо озмунҳои фаннӣ баргузор мешуд, даромада, кори озмунро расман оғоз бахшид. Муовини вазир зимни дидан намудан ва оғоз бахшидани озмун дар синфхонаҳо бо иштирокчиён суҳбати кӯтоҳ ороста, дар бораи истиқбол ва меҳмондории масъулин аз онҳо пурсон шуд. Иштирокчиён бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар самти ташкили фароғату истироҳат ва хурду хӯрокашон мушкилие надоштанд.

– Агар ягон мушкиле дар рафти баргузории озмун ба вуҷуд ояд ва ё ҳар масъалаи дигар вобаста ба озмунро мушоҳида намоед, метавонед ба Вазорати маориф ва илм ташриф оварда, арз кунед ва мо ҳамеша омодаем, ки ба шумо кӯмак намоем. Ба ҳамаи шумо, шогирдони азиз, барору муваффақият дар озмуни мазкур таманно менамоям – афзуд Д. Қодирзода.

Озмун аз рӯйи ҳамаи фанҳо соати 10:05 оғоз шуда, то соати 12:05 идома ёфта, дар асоси санҷиш ва баҳогузории ҳайати доварони озмун, ки иборат аз устодони соҳибтахассус ва ботаҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Рӯзи 21-уми май дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни мазкур доир гардид.

Ҳокимхон Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  Вазорати маориф ва илм қабл аз оғози маросими ҷамъбасти озмун ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон қайд намуд, ки доварони озмун заҳмату талошҳои ҳар нафар иштирокчиро ба назар гирифта, ба натиҷаи кори онҳо баҳои воқеъбинона доданд.

– Маълум шуд, нафароне, ки дар даври имсолаи озмун ғолиб омаданд, қаблан омодагии ҷиддӣ дида ва баҳри тақвияти донишу маҳоратҳои худашон бисёр кор карда буданд, – гуфт Ҳ. Вализода зимни ҷаласаи ҷамъбасти олимпиада, – Иштирокчиёне, ки бо сабаби нокифоя будани холҳои бадастовардаашон натавонистанд соҳиби яке аз ҷойҳои ифтихорӣ гарданд, метавонанд, ки дар солҳои оянда аз нав ширкат варзанд ва ҷойҳои намоёну ҷоизаҳои озмунро ба даст оваранд.

Пас аз ин, Ҷалолиддин Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюми озмун ва нафаронеро, ки бо ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд, эълон намуд.

Ҳамин тариқ, аз шумораи умумии 333 нафар иштирокчӣ 14 нафар ҷойҳои якум, дуюм, сеюмро ба даст оварда, соҳиби Диплом ва медалу туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун гардиданд. Ҳамзамон, ба 34 нафар иштирокчӣ барои иштироки фаъолона дар даври ҷумҳуриявии озмун “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Аз рӯйи баҳогузории ҷамъбасти умумӣ, дастаи Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ бо ба даст овардани 3 ҷойи ифтихорӣ бо ҷойи якум, дастаи Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Бохтар (Даво) бо ба даст овардани 2 ҷойи ифтихорӣ бо ҷойи дуюм ва дастаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ба даст овардани 2 ҷойи ифтихорӣ бо ҷойи сеюм сарфароз гардонида шуда, ба роҳбарияти ин муассисаҳо Сипоснома ва туҳфаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Инчунин, омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ барои саҳми сазовор гузоштан дар ташкил ва баргузории озмун бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ карда шуданд.

Муҳаррамхон Раззоқова – донишҷӯйи соли дуюми факултети кори момодоягии Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ, ки аз фанни биология ҷойи аввалро сазовор гардид, бо хушҳолӣ иброз дошт, ки аз соҳиб шудани ҷойи аввал ҳаяҷон дорад. Ӯ гуфт, бо вуҷуди оне, ки қаблан барои ғолиб омаданаш боварӣ дошт, вале бо дарназардошти он, ки дар рафти озмун рақобат хеле ҷиддӣ ва пуршиддат сурат гирифт, каме нигаронӣ дар дилаш пайдо шуд.

– Аммо пас аз оне, ки дар ҷамъбаст номамро гирифтанду ҷойи якум ба даст оварданамро эълон карданд, даступохурда шудам. Саропо пур аз ҳаяҷон будам. Хеле шодам, ки ҷойи аввалро ба даст овардам. Барои ин аз тамоми устодонам, ки дар таълиму тарбияи ман саҳми босазо доранд, аз самими қалб изҳори сипос менамоям,-гуфт М. Раззоқова.

Суман Саидова-донишҷӯйи Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли озмун гуфт, ки ҳарчанд ӯ интизорӣ дошт, ки ғолиб меояд, вале чунин нашуд.

– Ман боварӣ доштам, ки ғолиб меоям. Аммо намедонам, чаро чунин шуд. Шояд воқеан дониши ман ба дараҷаи дониши онҳое, ки ғолиб омаданд, набуд. Вале ман дар солҳои оянда иштирок ва исбот мекунам, ки сазовори ғолибият ҳастам,-иброз дошт ӯ.

Абдуҳаннон Саидов-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони Коллеҷи тиббӣ-ҷумҳуриявӣ, ки яке аз масъулини корҳои ташкилии ҷараёни озмуни мазкур буд, зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳайати ташкилии озмун талош варзиданд, ки ҳам дар самти шаффоф баргузор шудани озмун ва ҳам дар самти таъмини шароити муосиди истироҳату фароғати иштирокчиён мушкилие пеш наояд.

Ҷалолиддин Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вазорат рафти баргузории озмуни мазкурро дар кулл шаффоф ва одилона арзёбӣ намуда, қайд кард, ки барои иштирокчиёни аз натиҷаи баҳогузории ҳайати доварон норозибуда комиссияи махсуси апеллиятсионӣ ташкил карда шуд, ки дар рӯзи дуюми озмун аз соати 8:00 то 11:00 арзу шикоят ва пешниҳодҳои иштирокчиёнро қабул ва баррасӣ намуданд. Мавсуф зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, барои боз ҳам дар сатҳи баланд ва беҳтар баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар бо намояндагони соҳаи маориф ва илм, омӯзгорон, донишҷӯён ва умуман, аҳли ҷомеа ҳамкории бевоситаро ба роҳ монад.

Дар сурати ошкор гардидани камбудию мушкилоти мушаххас дар самти ташкилу баргузории чунин озмунҳо аз ҷониби иштирокчиён, омӯзгорон ва намояндагони дигар табақоти ҷомеа масъулини Вазорати маориф ва илм барои бартараф намудани масоили ошкоргардида чораҳои зарурӣ меандешанд. Зеро Вазорати маориф ва илм дар тамоми паҳлуҳои фаъолияти худ ба неру ва ҷаҳонбинии мардум такя мекунад, барои манфиати мардум ва ҷомеаву давлати Тоҷикистон фаъолият дорад,-таъкид намуд Ҷ. Амиров.

Дар ҳамин замина, таъкид намудан бамаврид аст, ки ташкилу баргузор намудани ин гуна озмунҳо баҳри дар амал татбиқ намудани нақшаву ҳадафҳо ва барномаву стратегияҳои роҳбарияти олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди маориф ва илм дар кишварамон саҳми босазо мегузорад. Ногузир аст, ки ҳар фарди ҷомеа, махсусан, омӯзгорону волидон ва намояндагони соҳаи маориф ва илми мамлакат дар ташкилу баргузории чунин озмунҳо ва дарёфти чеҳраҳои нави донишманду боистеъдод аз ҳисоби донишҷӯён, ки ҳадафи калидии озмуни мазкур ҳам ҳамин аст, саҳмгузор бошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь