Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои улумои худ рӯзи баргузории Иди Фитрро 13-уми май таъйин кард. Намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати 6-и субҳи 13-уми май баргузор мешавад.

Дар қарои Маркази исломӣ гуфта мешавад, имомхатибон вазифадор карда мешаванд, ки барои расондани кӯмаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ба сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрат бошанд.

Дар идома гуфта мешавад, ки маблағи ҳаққи аъзоги масҷидҳои ҷомеъ аз ҳисоби ид 600 сомонӣ ба хазинаи Маркази исломӣ супорида шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь