Дар вилояти Хатлон дар 5 моҳи соли ҷорӣ 113 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 61 нафар ба ҳалокат расида ва 119 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.

Аз ШБДА-и РБДА-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ин садамаҳо  17 садамааш бо иштироки наврасон содир гардида, 11 нафар ба ҳалокат расида ва 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади ошкору муайян намудани қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳамарӯза аз ҷониби кормандони БДА дар вилояти Хатлон рейду амалиёт ва чорабиниҳои пешгирикунанда ба роҳ монда шудааст. Вале ҳанӯз ҳам қоидавайронкуниҳо аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта мешаванд.

Аз ин хотир бояд ронандагон, пиёдагардон, веласпедронҳо ва дигар иштирокдорони ҳаракат дар роҳҳо оидитарин қоидаҳои роҳҳу нақлиётро риоя намоянд, то ҷону худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь