Неруҳои демократиии Сурия дар ҷараёни амалиётҳои худ дар рӯзи гузашта дар шаҳри Рақъа, беш аз 100 узви ДИИШ-ро нобуд кардаанд. Як манбаъ аз неруҳои демократ эълон кард, ки дар ҷараёни даргирии неруҳои курд бо ДИИШ дар маҳаллаи «Ал-Руза» беш аз 23 узви ин созмони террористӣ кушта шуданд.
Даргириҳо дар маҳаллаи «Мансур» ҳамчунон идома кардаанд ва 12 тан террорист дар ин ҷо аз байн бардошта шудаанд. Дар ҷараёни даргирӣ дар маҳаллаи «Ал-Рашид» низ 15 тан аз ин ифротиҳо ба қатл расидаанд. Дар ин маҳал ДИИШ-иён як мошинро бомбгузорӣ кардаанд, ки таркиши он ба касе зарар нарасонидааст.
Дар чанд маҳалли дигар низ даргириҳо идома доранд ва шумораи кушташудагон аз ДИИШ аз 100 нафар гузаштааст.
Дар ҷараёни даргириҳои шаби гузашта ҳамчунин 6 неруи курдӣ ҷони худро аз даст додаанд ва 10 нафари дигар низ захмӣ шуданд.