11-уми ноябр Рӯзи ҷаҳонии шоппинг қайд карда мешавад. Хадамоти фармоиши таксӣ «Максим» бо ҷашн вобаста аст, зеро ширкат хидматрасонии «Мехарем ва меорем» дорад. Аз он одамон барои харидҳои фосилавӣ бо ёрии пайк (курйерон) истифода мебаранд. Дар бораи он, ки ба онҳо иҷрои чӣ фармоишҳо лозим омад, нақл мекунем.

Мизоҷон хидматрасонии «Мехарем ва меорем»-ро дар он ҳолатҳо истифода мебаранд, ки худ ба мағоза барои харид баромада наметавонанд. Истифодабарандагон фармоишро дар хадамоти «Максим», бо нишон додани суроғаи дастраскунӣ ва рӯихати харид дар шарҳҳо ба расмият медароранд, баъд аз гирифтани мол арзиши он ва хизматрасонии пайкро пардохт мекунанд. Аз ширкат пурсиданд, ки одамон чӣ фармоиш медиҳанд, дар натиҷа рӯихати харидҳои машҳуртарин ва ғайриоддиро тартиб доданд.

Сокинони Тоҷикистон бештар аз ҳама харидани ғизо аз тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳоро хоҳиш мекунанд. Бештари муассисаҳо хадамоти дастраскунии худро надоранд, ва хизматрасониҳои хадамоти «Максим» барои фармоиш додани таъомҳо, бе аз хона баромадан ёрӣ медиҳад. Дар ҷойи дуюм маҳсулот ва молҳои ниёзи аввал меистанд. Ҳамзамон аз ҳама бештар шир, нон ва коғази ташноб супориш медиҳанд. Ҷойи сеюмро доруҳои бедорухат ишғол мекунад. Инчунин байни харидҳо гул ва бензин бештар вомехӯранд.

Байни фармоишҳои аз ҳама ғайриоддитарин асбоб барои кушодани шишаи шароб, билет ба синамо, мех ва 100 тухм (эҳтимол, як сифр зиёдатӣ буд) буданд.

– Ман фармоишҳои «Мехарем ва меорем»-ро иҷро мекунам. Дар вақти кор ҳодисаҳои гуногун буданд. Касе молро пурра тавсиф мекунад, ки баъд айнан онро дар рафҳои мағоза меҷӯӣ. Баъзан одамон харидани чизеро барои нафари дигар хоҳиш мекунанд. Фармоишҳои хеле шахсӣ низ буданд. Ман ҳамеша ба ин бо шӯхӣ муносибат мекунам, зеро ҳеҷ гоҳ намедонӣ, ки одам дар чӣ аҳвол аст, ки худ барои ин ба мағоза баромада наметавонад, — нақл кард яке аз пайкҳои хадамоти «Максим».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь