Прокуратураи вилояти Воронежи Русия аз боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки мехост, тифлашро фурӯшад хабар дод.
Дар хабари прокуратура омадааст, Моҳлиёхон Муминоваи 39-сола, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ таваллуд карда буд, ҳангоми фурӯхтани тифлаш боздошт шуд. Муминова ҳамроҳ бо дӯстписари 29-солааш Саидулло Мирабдуллоев боздошт шудааст. Онҳо мехостанд, тифлро бар ивази 30 ҳазор рубли русӣ – муодили тақрибан 4,5 ҳазор сомонӣ бифурӯшанд.
Онҳое, ки мехостанд тифли Муминоваро бихаранд, кормандони полис буданд.
Нисбати Муминова бо моддаи «Талоши фурӯхтани кӯдаки ноболиғ» парванда боз шудааст. Ин модда то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Блоки рекламавӣ