Имрӯзҳо дар майдони бештар аз 70 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон малахҳои африқоии марокашӣ паҳн шудаанду масъулон талош доранд, ки онҳоро саривақт несту нобуд кунанд,  то ба зироати хоҷагии қишлоқ зарар нарасонанд.

Муовини сардори филиали Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” дар вилояти Хатлон Саид Холов иттилоъ дод, ки ҳоло малах дар майдони 70 ҳазору 582 гектар заминҳои вилояти Хатлон паҳн шудаст, ки то рӯзи 21 майи соли ҷорӣ 69 ҳазору 392 гектараш безарар гардонида шуд.

Ӯ гуфт, бештар малах дар  заминҳои шаҳру ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Фархор ва Данғара паҳн шудааст ва барои безарар кардани ин ҳашарот корҳои безарагардонӣ идома доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки малахе, ки дар заминҳои вилояти Хатлон паҳн шудааст, малахи марокашӣ буда аз Африқо ба Хатлон омада аст. Онҳо ҳарҷо-ҳарҷо тухм мегузоранд ва панҷ давраи рушд доранд. Дар давраи 1,2,3 онҳо хурд буда, дар давраи 4-5 тухм мегузоранд. Дар як ҳафта ба парвоз меоянд ва дар як соат 5,5  километр парвоз мекунанд, – қайд кард номбурда.

Малахҳои марокашӣ, ки ҳоло дар Хатлон доман паҳн кардаанд, ҳамагӣ 50-60 рӯз умр мебинанд.

– Дар филиали корхонаи мазкур 32 техника ҳаст, ки  аз он 24 трактор ва 8 нақлиёти сабукрави муҷаҳҳаз бо дорупошаканд, ки аз ин шумора 30 адад дар ҳолати корӣ қарор доранд, – афзуд ӯ ва илова кард, ки корхона дар 17 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон зидди малахи марокашӣ мубориза мебарад.

– Дар корхона ду техника вайронанд, ки барои таъмир кардани онҳо маблағи зиёд лозим аст, – афзуд бо нигаронӣ Саид Холов.

Қайд гардид, ки дар корхона 48 корманди доимӣ ва ҳар сол 200 корманди кироя барои ду моҳ ҷалб мешаванд.

– Маблағгузорӣ муттамарказ буда,  аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои  38 шаҳру ноҳия солона 5,5 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, – илова кард номбурда ва гуфт, ки ба корхона барои нест кардани малах тибқи дархост маблағ ҷудо карда мешавад.

Ӯ гуфт, ҳоло дар  анбори корхона 575 литр маводи кимиёвӣ мавҷуд аст, ки барои коркарди зиёда аз ду ҳазор гектар замин басанда аст. Ба гуфтаи ӯ, хушбахтона, малахи марокашӣ соли гузашта ва имсол тамоман ба  киштзорҳо зарар нарасонидааст, аммо тибқи мушоҳидаҳо соли 2021 малах ба киштзорҳои ноҳияи Вахш зарари зиёд расонидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь