Маҳмад Сафаров, сокини 52-солаи шаҳри Бохтар, ки дар натиҷаи сӯхтори бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар беш аз 90 дарсади баданаш сӯхта буд, аз дунё гузашт.

Хушнуд Баҳодурзода, сардухтури беморхонаи вилоятии килиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, ба “Фараж” иттилоъ дод, ки марҳум соати 4-и субҳи имрӯз (3 июн) аз дунё даргузашт.

Гуфта мешавад, ки ҷасади ӯро ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб интиқол додаанд ва ҷанозааш низ он ҷо баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар шаби якуми июни соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваста буд, ки дар ин ин ҳодиса 12 нафар зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд.

Тибқи маълумоти ба дастрасида ва санҷиши пешакии гурӯҳи кории бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, ки шаби якуми июни соли ҷорӣ ба коми оташ рафт, сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои ин бозор будааст.

Аммо, тибқи маълумоти расида, ҳоло комиссияи махсуси иборат аз намояндагони ниҳодҳои гуногун машғул ба омӯзиши пурраи сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарар мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here