(Ба китоби «Номоварони Ватан» ва «Фарзандони накӯноми Конибодом»)

Ҳар гоҳ ки олими методист, яке аз муаллифони китобҳои дарсии «Хониш»-и синфи 3-юм ва «Адабиёт» барои синфҳои 4 ва 7-и мактабҳои миёна Аҳмадалӣ Абдувалиев ба хонаи мо –  Конибодом ва Исфара омаданӣ шаванд, аз ҳад беш хушнудиву хушҳолӣ вуҷуди моро фаро мегирифт. Бо омадани ин марди босалобат эҳсос мекардем, ки устоди адабиёти тоҷик Мирзо Турсунзода ба хонаи мо омадаанд (Аз акси зер пайдост, ки симояшон ба симои Мирзо Турсунзода хеле монанд буд). Ин олими методист бо мо рутбаи хешовандӣ доштанд, бо хоҳари модаркалонам Самадова – Ҳабибахон издивоҷ карда, ба падарам язна мешуданд. Ҳамсояҳо аз омадани амаки Абдувалиев ҳамеша шоду масрур, ҳама он касро чун зиёии номиву пешқадами шӯравӣ, одами хушмаданияту донишманд эҳтиром карда, ҳамеша шарафи дидорашонро дар дил мепарвариданд. Аз хурдӣ дар чашми ман низ  чун шахси аҷибу наҷиб, рӯйоварданӣ, тимсоли адаб, хирад ва дониш нишаста мондаанд…

Аҳмадалӣ Абдувалиев зодаи маҳаллаи Қӯруқи ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом мебошанд, ки аз ин минтақа олиму адиби зиёде бархостааст. Замони таваллудашон 1-уми майи соли 1931. Таҳсилдидаи мактаби ибтидоии ҳафтсолаи Зарбед ва мактаби ба номи Нариманови шаҳри Конибодом. Ҳамсабақони конибодомиашон яке Мурзиллохон Нарзуллоеви раҳматӣ ҳастанд, ки дирӯз фавтиданд (дар омади гап гӯям, ки банда аз дӯстии ҷамолакии онҳо дар Фейсбук навишта будам: панҷ нафар дӯстон дар Конибодом дар пиронсолӣ, ҳатто замони мушкили иҷтимоии даҳаи навадуми асри гузашта ҳамасола 13-уми июн гап дошта ва амаки Аҳмадалӣ ба он махсус аз Душанбе меомаданд)…

Ибтидои солҳои 50-и асри гузашта Абдувалиев ба риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда ва соли 1955 ин даргоҳро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардаанд. Аз ҳамдарсонашон ҳоло Мукаррама Набиевна Қосимова – забоншиноси маъруф ва Саъдоншоҳ Имронов – адабиётшиноси варзида дар ёдам ҳастанду халос.

Фаъолияти Абдувалиев баъди хатми таҳсил дар Душанбе ба сифати корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз шудааст. Як муддат дар Конибодом мудири қисми таълими мактаби миёнаи №29 ба номи Садриддин Айнӣ буданд. Сипас ба Душанбе баргашта корманди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон гардиданд. Солҳо сари мавзӯи таълими адабиёт дар макотиби миёна машғули пажӯҳиш шуда ва оид ба масъалаҳои таълими рӯзгор ва осори адибони маъруфи классикиву муосир, муаммоҳои умдаи омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик рисолаву мақолаҳо навишта ва нашр кардаанд. Китобу рисолаҳояшон оид ба ҷойгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ ва Садриддин Айнӣ дар макотиби миёна алҳол низ қобили истифодаанд. Аммо як қазияи муҳим ин ки рисолаи номзадӣ дар ин замина дифоъ накарданд, гарчанде ки матраҳ будааст. Солҳои 70-и садаи бист Аҳмадалӣ Абдувалиев дар вазифаҳои хубу пурмасъулияти мудири редаксияи маориф ва корҳои ҳарбии Энсиклопедияи советии тоҷик ва сардори идораи мактабҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон низ фаъолият карда, чашмикордон шудаанд. Аз охири солҳои 70-ум бошад Аҳмадалӣ Абдувалиев ба муддати 10 сол – солҳои 1979-1989 сармуҳаррири маҷаллаи ҳармоҳаи илмию методии Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон – «Мактаби советӣ» («Маърифат»), ҳоло «Маорифи Тоҷикистон» буданд. Баъзан дил мехоҳад, ки даҳсоли фаъолияти ин маҷалларо дар солҳои 80-и садаи бист чун мавзӯи илмӣ ба шогирдон диҳам, лоақал мақолаҳои он оид ба масоили забон ва адабиёти тоҷик дар ин солҳо кирои таҳлилу баррасианд. Ин корро ҳоло амалӣ карда натавонистаам…

Яке аз муҳимтарин соҳаи фаъолияти муаллим Абдувалиев ширкат дар таснифи китобҳои дарсӣ аст, ки дар ин замина эшон ҳамкору ҳамнишин ва ҳамандеши адабшиносони номӣ – профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, академики АИ Тоҷикистон Раҷаб Амонов, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Абдуқодир Маниёзов буданд. Мо аз синфи 3-юм номи Аҳмадалӣ Абдувалиевро дар рӯйи ҷилди китоби «Хониш» борҳо дида, сари ифтихор боло кардаем, ки он кас одами кам не, муаллифи китоби дарсиянд. Барои мо баъди «Алифбо»-и бузурги зиндаёд Ҳилол Карим кутуби дарсии Аҳмадалӣ Абдувалиев дар ҳаммуаллифӣ бо донишмандони шинохта – «Хониш»-и синфи 3-юм, «Адабиёт»-и синфи 4-ум, «Адабиёти ватан»-и синфи 7-и мактабҳои миёна аз манбаъҳои муҳимми суханшиносиву сухандонӣ ва адабиётфаҳмӣ будааст. Ман то ҳол ин имконро наёфтаам, ки бо истифода аз фурсат аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба нашрҳои мухталифи китобҳои дарсии мазкур иттилоъ фароҳам оварам. Аз ин хусус ҷустуҷӯ кардану навиштан на ба хотири Абдувалиеви хешпайвандам муҳим аст, балки барои огаҳӣ аз суннатҳои вежаи таснифи китобҳои дарсӣ аз ҷониби ашхоси муътабари илми суханшиносии тоҷик – Ҳусейнзода, Амонов ва  Маниёзов, ки Абдувалиев низ дар ин ҳалқаи меҳварӣ қарор доштааст, арзиши нодир дорад. Вақти он фаро расида, ки арзиши ин таснифот ва саҳми он мусаннифон муайян шавад…

Нуктаи дигари ёдкарданӣ аз хусуси Абдувалиев дилбастагии эшон ба шеър ва шеърнависӣ аст, ки ин корро он кас на чун шоири соҳиби тахассус, балки ба сифати як нафар ихлосманд ва завқманди сухан ва равандаи хушкори адабӣ анҷом медоданд. Ашъорашон дар вақташ дар матбуот нашр шудаанд. Сониян, баъди бознишастагиашон дар солҳои навадум – замоне, ки нашри китоб ба тоифаи эҷодгарон муаммои рақами як гардид, маҳсули чакидаҳои муаллимро духтарашон Адиба ба компутер андохта, чандин нусха ба табъ мерасонид ва онҳоро Абдувалиев бо завқи саршор ба дӯстону наздикони адабпарварашон тақдим мекарданд. Якчанд чунин маҷмӯа дар дасти ман ҳам ҳаст: «Ошӯби дилҳо – сози ман» (2002), «Маҷмӯаи шеърҳо» (2003), «Қофилаи умр» (2004), «Зистан бо орзу» (2005), «Дуои дӯст» (2008)… Аҷиб ин ки сарсухани содаву самимии ин маҷмӯаҳои компутерӣ имзои фарзандони дилпайванди Абдувалиев – Муяссара, Маърифат, Адиба, Фирӯз, Фаррухро доранд, ки ихлоси ононро ба падар ифода мекарданд. Ростӣ, нотакрор аст, ки фарзандон ба ҳар китоби шеъри падар сарсухан нависанд. Албатта ин сарсуханҳо тахассусӣ нестанд, бо вуҷуди ин нуктаҳои ҷолиб доранд, ки ба он баъзан ҳавасатон меояд.

Аҳмадалӣ Абдувалиев баъди сармуҳарририи «Мактаби советӣ» дар маркази таълимӣ-методии Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳамчун корманд ва дар мактаби миёна №50-уми ноҳияи Фрунзеи Душанбе ҳамчун омӯзгор то ҳаштоду чандсолагӣ кор карда, ба шогирдон фанни алифбои ниёгон меомӯхтанд…

Манзили аввалаи панҷхонагии Аҳмадалӣ Абдувалиев дар шаҳраки 46-уми Душанбе аз хурдсолиамон макони омадрафти мо будааст. Шодравон модаркалон маро аз шашсолагӣ ба Душанбе бурдаанд. Аз Исфара бо самолёти Як-40 парвоз мекардем, баъзан соле ду маротиба. Ёди он рӯзҳои хуш дорам!… Абдувалиев ҳамчун пажӯҳишгар як китобхонаи ба худ муносиб доштанд, ки китоби зиёдеро фаро гирифта буд. Мани хурдсол аввалин маротиба сиючанд ҷилди қомуси бузурги шӯравӣ – «Большая советская энциклопедия»-ро дар ҳамин хонавода дидаам, ки қатор чида шуда буданд. Чашми ман ба ранги китоб аз ҳамон овон тезу гиро шуда монда будааст. Шояд аз ҳамин ҷиҳат чандинсола ранги китоб, ҳаҷми китоб ва саҳифаҳои китобро хубу нек дар хотир дорам. Баъдан Абдувалиев қисме аз китобҳо, чандинсола маҷаллаи илмиву адабии «Шарқи Сурх» – «Садои Шарқ»-ро ба ҳавлие, ки дар шаҳраки 40-солагии Октябри ноҳияи Фрунзе ба даст оварданд (пас аз Политехникум, дар тарафи чапи роҳи Ҳисор, паси ДОСААФ-и пешин, алҳол гвардияи президентӣ) бурданд. Ҷилдҳои зиёди «Куллиёт»-и Айниро низ дар хурдсолиам он ҷо дида, чашмонам ранг ва нур гирифта буданд. Баъди бознишаста шуданашон дили ман пур мехост, ки он китобҳоро амаки Абдувалиев ба ман диҳанд, зеро маълум набуд, ки пас аз эшон ин китобҳо ба кӣ даркор мешавад!? Ба назарам худам ҳам ҳаракат накардам, ки он китобҳоро пурра бо худ гирам. Ҳоло намедонам он китобҳо чӣ шуда бошанд!?… Бо вуҷуди ин, чанде аз китобҳои Абдувалиев дар дасти ман мондаанд, аз ҷумла китоби арзишманд ва ба дилам азизи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (Сталинобод, 1940), ки имрӯзҳо зиёд бо он сару кор дорам ва ҳатто онро бо шогирдон ба хати имрӯз баргардонидам, моли зиндаёд Абдувалиев мебошад. Китоби дигаре, ки аз муаллими азиз ба ман мерос мондааст, «Абу-Али ибн-Сина» ба қалами профессор  А. А. Семёнов аст. Абдувалиев дар навишти форсӣ низ лаёқати хуб доштаанд, ки дар дохили китоби мазкур чунин ҳак шудааст (аксашро гузоштам): «Абдувализода Аҳмадалӣ, шаҳри Истолинобод, 1954». Майда-майда аз ин китобхона ба ман китобҳои Юрий Бобоев «Муқаддимаи адабиётшиносӣ», Раҳим Мусулмонқулов «Дарахти дӯстӣ биншон», «Анъана ва навоварӣ» ва даҳҳо дигар боқӣ мондаанд, ки алҳол дар ихтиёрам нестанд. Фикр мекунам китобҳои хубу арзишманд аз бойгонии Абдувалиев ба ман расидаанд. Бо сипос ёдашон меоварам.

Гуфтам, бо модарбузургам аз хурдӣ ба Душанбе – хонаи хоҳарашон мерафтем, Ҳабибаҷон, ҳамсари Абдувалиев зани зиндагидида ва хеле сахтгир буданд. Аз равуо ба хонаи воқеъ дар шаҳраки 46-ум (рӯбарӯи маркази диагностика), пас ҳавлии политехникумӣ ёддоштҳои ҷолиб мондааст. Онҳо низ ҳамин тавр ба Конибодом ва Исфара меомаданд ва риштаи маҳкам дар миёни мо воқеъ буд. Вақте ба Душанбе, барои дохил шудан ба донишгоҳ рафтам, боз ҳам ҳавлии Абдувалиев ва аммаам Ҳабибаҷон, боз ҳам китобҳои амаки шодаронам Абдувалиев ба мадад расиданд…

Амма дар 76-солагӣ даргузашта, худи Абдувалиев дар 87 аз дунё рафтанд. Фарзандонашон Муяссара-апа – хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, номзади илмҳои тиб, чандин сол дар Русия табибӣ кард, ҳоло дар Душанбест. Маърифат-апа – хатмкардаи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ӯро модаркалони ман дар Исфара аз хурдияш тарбия карда, ҳоло дар Исфара зиндагӣ дорад. Мо қисман бо ҳамдигар калон шудем. Мусаввара – ба назарам ихтисосаш фарматсевтика буд, охири солҳои 90-и асри гузашта ногаҳон фавтид. Адиба-апа дар Институти фарматсевтии Тошканд таҳсил карда, ҳоло бо фарзандонаш дар Душанбе зиндагӣ ва дар Тоҷикстандарт кор дорад. Фирӯз-ако хатмкардаи факултети механикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, барномасози хубе будааст, ки аввалҳо дар маркази барномасозии донишгоҳ ба кор оғоз кард. Шароити иҷтимоии солҳои навадум ӯро аз маҷро боздошт. Ҳоло дар кишвари рус фермер аст. Фаррух – охирин фарзанд дар хонаи Абдувалиев мондааст.

Амак худашон як инсони хушмашраб, хуштабассум, хушсӯҳбат, хушназар буданд. Ихлосмандашон зиёд, аз сӯҳбаташон ҳар кас ҳам ба завқ меомад, боз пайваста ҷӯёи чунин сӯҳбат мешуд, мекӯшид, ки бори дигар ба ин гуфтугӯ ноил гардад. Суханашон дар ҳар сӯҳбат ба шеър пайваста ва лабашон аз тараннуми байт кам бозмемонд…

Ин ёдоварди ман на як ёдкарди хонаводагӣ буд, балки шаммае аз рӯзгори арзандаи як нафар зиёии шӯравист, ки барои халқу миллат, аз ҳама муҳим, барои тарбияи чанд насли тоҷик сарф шудааст. Чандин насл аз китобҳои дарсии Абдувалиев тоҷиконасухан омӯхтаанд. Ин муҳим аст ва ҳарчи ҳам бошад, аз он бояд сабақ гирифт…

1-уми май зодрӯзи муаллими зиндаёд Аҳмадалӣ Абдувалиев буд. Ёдашон ба хайр!

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь