Ҷанг ҳамеша маънои аз даст додани захираҳои ҳаётан муҳим аст, хоҳ талафоти ҷонӣ бошаду, хоҳ дигар манбаъҳои модди-маънавӣ ё табии. Ягон ҷанг бе оқибатҳои харобиовар ва аз даст додани арзишҳои ахлоқӣ намегузарад. Дар ҷаҳони босуръат рушдёбандаи мо, дар асри навоварӣ ва мавҷудияти силоҳ, ин мавзӯъ ҳамоно нигаронкунанда ва рӯзмарра боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки сокинони 15 ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки миллатҳои гуногун доштанд, тавонистанд якдилона ҷанги харобиоварро паси сар кунанд. Дар ин ҷанг, китф ба китф истода, шаҳрвандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС шуҷоат ва мардонагии бесобиқа нишон доданд. Ғалаба бо саъйю талоши умум ба даст оварда шуд. Барои расидан ба ин Ғалабаи Бузург ҳамагон нақш ва саҳми бемисли худро гузоштанд. Ба ғайр аз сарбозони ҷасуре, ки дар сафи пеши мубориза истода буданд, ҳар як кишвар аз ақибгоҳ фаъолияти ҳаётан муҳими ҷабҳаро таъмин менамуд ва танҳо ҳамбастагӣ, ҷасорат ва шефтагии мубориза барои муқаддасоти Ватан ба халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ имкон дод, ки кишвари худро дифоъ карда тавонанд.

Дар якҷоягӣ бо тамоми миллатҳои Ватан, халқи Озарбойҷон ва пеш аз ҳама мардуми меҳнаткаши Боку, барои ба даст овардани ғалаба саҳми калони худро гузоштанд. Бо такя ба далелҳо бояд қайд кард, ки ҳар панҷумин сокини Озарбойҷон дар ин ҷанг ширкат варзид. Аз 3,4 миллион нафар аҳолии Озарбойҷон (то соли 1941), тақрибан 700 ҳазор нафар ба фронт рафтанд, аз ҷумла беш аз 10 ҳазор зан. Танҳо дар рӯзҳои аввали ҷанг беш аз 40 ҳазор писарону духтарони Озарбойҷон ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои ба фронт фиристодани онҳо ариза пешниҳод карданд, 186 ҳазору 704 нафар ба сафи ихтиёриен пайвастанд. Дере нагузашта, дар қаламрави ҷумҳурӣ 87 батальони қиркунанда, 1124 отряди худмудофиа ва як отряди иборат аз 15 ҳазорнафараи мудофиаи зиддиҳавоӣ ташкил карда шуданд. Барои қисмҳои ҳарбӣ 15 ҳазор ҳамшираҳои шавқат ва узвҳои дружинаҳои санитарӣ, 750 нафар алоқачиён, 3 ҳазор ронандагон тайёр карда шуданд.

Сарбозони Озарбойҷон дар набардҳо барои қалъаи Брест, мудофиаи Ленинград, мудофиаи Маскав, набардҳо барои Сталинград, Қафқоз ва Курск ширкат варзиданд. Дар Украина озарбойҷониҳо асосан дар нимҷазираи Қрим меҷангиданд. Онҳо инчунин дар озод кардани Балтика ва Аврупои Шарқӣ ва мубориза барои Берлин ширкат варзиданд. Зиёда аз 400 ҳазор озарбойҷонӣ бо мукофотҳо ва медалҳои ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд, 14 сарбоз дорандагони ордени Шӯҳрат, 43 озарбойҷонӣ барои ҷасорат ва корнамоиҳои ҳарбӣ бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд, 16 нафари онҳо ин унвонро пас аз марг гирифтанд, зиёда аз 170 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҳарбии дигар мукофотонида шуданд.

Генерал-майори нерӯҳои танкӣ Ҳазӣ Асланов ду маротиба ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардид. Сержанти калон Исрафил Мамедов аввалин озарбойҷоние буд, ки Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Халлабон Ҳусейнбала Алиев, осмони Ленинградро муҳофизат карда, 6 ҳавопаймои душманро сарнагун кард. Ӯ бо 17 захми бардоштааш, пеш аз маргаш, тавонист ҳавопаймои худро фуруд оварад. Ин аст ҷасорату мардонагӣ!

Аммо сокинони Озарбойҷон на танҳо дар майдони набард меҷангиданд. Коре, ки онҳо дар ақибгоҳ анҷом доданд, низ сазовори баҳои баланд аст. Алакай баҳори соли 1942 дар хати ҷабҳа нақлиёти ҳавоӣ аз қабили “ЯК- 3” парвоз мекарданд, ки дар Боку тавлид ёфта буданд. Дар ин давра, як корхонаи бузурги таъмири ҳавопаймоҳо дар шаҳри Кировобод (Ганҷа) ба фаъолият шурӯъ намуда, 782 ҳавопаймои навъҳои гуногун таъмир ва ба фронт фиристод, инчунин зиёда аз 1550 муҳаррикҳои ҳавопаймо ва дигар қисмҳои эҳтиётиро низ аз таъмир гузаронд.

Амалиётҳои низомии танкҳо, ҳавопаймоҳо, ва дигар таҷҳизоти ҳарбиро бидуни нафти Боку тасаввур кардан душвор аст. Дар солҳои ҷанг Озарбойҷон таъминкунандаи асосии нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба фронт буд, ки ин беш аз 70% ҳаҷми умумии сӯзишвории он замон дар ИҶШС истеҳсолшударо ташкил медод. Бояд қайд кард, ки сарвати Озарбойҷон, бахусус захираҳои нафтии он, мавқеи аз ҷиҳати стратегӣ муфид байни Шарқ ва Ғарб диққати фашистонро ба худ ҷалб карда буд. Роҳбарияти ҳарбӣ ва сиёсии Олмон ва худи Гитлер шахсан ба забти Озарбойҷон, алахусус, забти Боку, ки яке аз минтақаҳои асосии нафтхези Иттифоқи Шӯравӣ буд, аҳамияти махсус медод. Гитлер нақшаи ҳамла ба Озарбойҷонро «Эделвейс» номид. Тибқи ин нақша, Боку бояд 25 сентябри соли 1941 забт карда мешуд. Истилои Боку барои Иттиҳоди Шӯравӣ шикасти азиме мешуд, зеро Иттиҳоди Шӯравӣ ҷузъи муҳимро аз даст медод. Барои озарбойҷониҳо бошад, он фалокатовар буд, зеро ҳама чоҳҳои нафт минагузорӣ шуда буданд. Ва мабодо, агар ба фашистон муяссар мешуд, ки Бокуро забт кунанд, ҳама барбод мерафт, садҳо ҳазор нафар аз қувваи бузурги таркиш ҳалок мешуданд.

Умуман, тӯли солҳои ҷанг 75 миллион тонн нафт истеҳсол шуд, ки ин аз чор се ҳиссаи тамоми нафти дар Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолшударо ташкил дод. Тақрибан 85% истеҳсоли бензини авиатсионӣ ба Боку рост меомад. Ба фронт зиёда аз 1 миллион тонн сӯзишвории баландсифати октанӣ ирсол шуд.

Ин чунин маъно дошт, ки аз панҷ ҳавопаймо, тонкҳо ва мошинҳое, ки дар фронт фаъолият мекарданд, чортоаш бо сӯзишвории дар заводҳои нафти Боку истеҳсолшуда, ва конҳои нафти Боку ба даст омада ҳаракат мекарданд.

Инчунин бояд қайд кард, ки таҳти роҳбарии олим-кимиёшиноси барҷастаи Озарбойҷон Юсуф Мамадалиев аввалин бор раванди ба даст овардани толуол, ашёи хом барои тавлиди маводи тарканда, татбиқ ва дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуд. Сипас, ӯ ҳамроҳи кормандонаш барои мубориза бо танкҳо омехтаи оташгирандае истеҳсол намуд (дар Ғарб он «коктейли Молотов» ном гирифт). Ю. Мамадалиев дар давоми як шабонарӯз бист соат кор карда, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин як фармони дигари Кумитаи давлатии мудофиаро иҷро кард – авваллин бор ӯ усули нави ба даст овардани сӯзишвории баландсифати авиатсионии октаниро тайёр ва дар истеҳсолот ҷорӣ намуд, ки он барои авиатсия аҳамияти калон дошт ва ба ғалабаи зуд бар душман мусоидат кард. Барои ин ихтироъ Юсюф Мамелалиев бо Мукофоти давлатии ИҶШС сарфароз гардонда шуд.

Баҳогузории саҳми мардуми Озарбойҷон барои ба даст овардани Ғалаба бар фашизм душвор аст, зеро он аз нафту майдонҳои набард, меҳнати қаҳрамонони ақибгоҳу мардони шуҷои сафи пеши ҷабҳа иборат буд. Тамоми 1460 шабонарӯзи ҷанг Боку шаҳри фронтӣ буд. Ба туфайли ҷидду ҷаҳди қахрамононаи халқи меҳнаткаши Озарбойҷон, ҷумҳурӣ ба яке аз қувваҳои тавонои артиш табдил ёфт.

Имсол инсоният санаи муҳим – 76 -умин солгарди Ғалаба бар фашизмро ҷашн мегирад, ки онро ба таври қонунӣ метавон мероси таърихии кишварҳои узви СММ номид. Сарфи назар аз он, ки ҳукми трибунали Нюрнберг яку якбора ба саволи, “ки дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ нерӯҳои Некиро намояндагӣ мекард ва кӣ қувваҳои Бадиро” посух дод, ҳанӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд он дастовардҳои бузургро зери шубҳа гузоранд ва ба хоинон ва фашистон муҷассамаҳо гузоранд. Озарбойҷон чунин кишварҳоро маҳкум мекунад ва бовар дорад, ки ситоиши фашизм дар ИДМ ҷойгоҳе надорад. Барои мо хотираи ғалаба бар фашизм ва онҳое, ки барои Ватан ҷон додаанд, муқаддас аст. Фаромӯш нашавад, то ки такрор нашавад – ин аст нуқтаи асосӣ!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here