Аз соли 2018 то имрӯз дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон 722 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки ин аз рушди соҳа дар ин вилоят дарак медиҳад.

Аз Раёсати моарифи вилоят Хабар доданд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давалтии кишвар бунёду навсозии 73 адад муассисаҳои томактабӣ, 649 адад мактабҳои нав,  бозсозии мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуда, буд, ки ҳамаи онҳо сохта  ба истифода дода шуданд.

Дар арафаи соли нави хониш бо иштироки раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритус бинои  иловагӣ дар назди мактаби 40 ноҳия барои 240 нафар, мактаби нав дар ноҳияи Вахш барои 750 хонанда дар ду баст ва ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки имсол 100 ҳазор кӯдак ба синфи якум қабул карда шуданд. Сайфулло Лутфулло муовини сардори Раёсати морифи вилояти Хатлон, дар нишасти охири Раёсати маорифи вилоят гуфта буд, ки сол то сол шумораи хонандагон зиёд мешавад ва зарур аст, ки ҳамасола 26 мактаби нав сохта шавад, то ҳамаи онҳо бо ҷойи нишаст таъмин шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь