Ин ҳафта тамоми ҷаҳон Рӯзи Байналмилалии огоҳсозӣ ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳоро ҷашн гирифт. Тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз  8 декабри соли 2005, 4-уми апрел расман Рӯзи Байналмилалии огоҳсозӣ ва кӯмак ба Амалиёти зидди минаҳо эълон гардида, ҳар сол дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки ин ташаббус даъват ба амал меорад, ки давлатҳо бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои марбута ба таъсис ва рушди иқтидори миллии зидди минаҳо дар кишварҳое мусоидат намоянд, ки минаҳо ва боқимондаҳои таркандаи ҷанг ба амният, саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон таҳдиди ҷиддӣ доранд ё ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ халал мерасонанд.

Аз ин лиҳоз, Озарбойҷон бори дигар аз мавҷудияти миқдори зиёди минаҳое, ки Арманистон дар қаламравҳои ғасбшуда гузоштааст ва ҳукумати Арманистон бошад аз пешниҳоди харитаҳоии майдони ин минаҳо саркашӣ мекунад, изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.

Озарбойҷон бо мушкилоти минагузории оммавии қаламрави озодшуда рӯ ба рӯ шудааст, ва бояд гуфт, ки ин раванд албатта, барои ҳаёт, амният ва зиндагии ҳам низомиён ва ҳам аҳолии шаҳрвандӣ дар давраи пас аз низоъ таҳдиди ҷиддӣ дорад.

Арманистон бошад, дар марҳилаи ақибнишинии иҷборӣ баъди амалиёти ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон, дидаву дониста дар ин заминҳо минагузорӣ намуд, то ки ба ҷониби Озарбойҷон зарари ҳарчи бештаре расонад ва барои бозгашти аҳолӣ ба хонаҳояшон монеаҳои иловагӣ эҷод намояд.

Аз рӯзи 10 ноябри соли 2020, яъне аз таърихи имзо шудани изҳороти сеҷонибаи роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон ва Русия дар бораи қатъи тамоми амалиёти низомӣ, 20 шаҳрванди Озарбойҷон, аз ҷумла 14 ғайринизомӣ, дар натиҷаи таркиши мина дар заминҳои озодшудаи Озарбойҷон ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон, 85 озарбойҷонӣ, аз ҷумла 16 ғайринизомӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Минагузорӣ намудани тамоми қаламрави минтақаҳои озодшуда ба иҷрои нақшаҳои барқарорсозӣ ва созандагӣ, ки ҳукумати Озарбойҷон оғоз кардааст, монеаи ҷиддӣ овардааст. Муҳимтар аз ҳама, он ба татбиқи ҳуқуқи дахлнопазири садҳо ҳазор муҳоҷирони дохилӣ барои бозгашти бехатар ба хонаҳояшон таъсири манфӣ мерасонад. Оилаҳое, ки қариб 30 сол дар ғурбат буданд, то ҳол наметавонанд бехатар ба хона баргарданд, зеро замин аз минаҳо тоза карда нашудааст.

Бояд қайд кард, ки қасдан ҷойгир намудани минаҳо дар қаламрави Озарбойҷон ҳангоми ишғоли ғайриқонунии заминҳои он, ва тарки маҷбурии ин заминҳо, нияти Арманистонро барои пешгирии бозгашти садҳо ҳазор озарбойҷониҳое, ки  мавриди поксозии қавмӣ қарор гирифта буданд, нишон медиҳад. Ин амал аз ҷумла ба татбиқи ҳуқуқҳои асосии ин одамон монеа шуда, боиси ранҷу азоби нолозими миқдори зиёди одамон гаштааст. Ин рафтори Арманистон ҳамчунон монеаи ҷиддие барои сулҳ, амният ва ҳамкорӣ дар минтақа боқӣ мемонад.

Озарбойҷон борҳо ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки далели минагузории Арманистон ва талафоти ҷониро бар асари таркидани онҳо маҳкум кунанд. Озарбойҷон даъвати худро дар Рӯзи Байналмилалии огоҳсозӣ ва кӯмак ба Амалиёти Зидди Минаҳо боз ҳам такрор намуда аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки ба вайрон кардани ӯҳдадориҳои байналмилалии Арманистон, аз ҷумла сиёсати минагузории қасдона, монеаи  бозгашти муҳоҷирони дохилӣ ба ватан  ва саркашии Арманистон аз додани харитаи минагузорӣ ва маълумот оиди минаҳо бетараф набошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь